(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зиси шаҳри Хуҷанд дар доираи сазовор истиқбол ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳр бо ҷалби кормнадони касбу кори гуногун шанбегии умумишаҳрӣ гузаронида шуд.

Дар ин шанбегӣ гӯшаву канори шаҳр аз ҳамагуна партовҳо тоза карда шуда, ба муҳити атроф ҷилои нав бахшида шуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки бо мақсади тақвияти корҳои ободонию созандагӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд ва шоиста истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд тибқи нақшаи корӣ ситоди доимӣ ва гурӯҳҳои корӣ фаъолият доранд, ки саҳми онҳо дар татбиқи раванди ободонию созандагӣ, маданияти шаҳрдорӣ, тарғиби маърифати экологӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим муассир аст.

Воқеан ҳам дар корҳои ободонӣ ва тоза кардани муҳити зист аз ҳар гуна ифлосӣ ва партовҳо солҳои охир аксарияти мардум бештар масъулият дарк намуда, ташаббускор гардидаанд. Сокинони шаҳр пайваста ба таври дастҷамъона ба ободу тозакории маҳали зисти худ ва атроф баромада, дар тозагию ҳифзи муҳити зист ва атрофи маҳали худ саҳми муносиб мегузоранд.

Идораву корхонаҳои ҳудуди шаҳр ва шаҳрвандонро зарур аст, ки дар ин росто, бо мақсади баланд бардоштани маърифати санитарию –гигиенӣ ва экологии аҳолии шаҳр, ҷиҳати ҷилавгирӣ аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, ки омили асосиашон партофтани партовҳо ба муҳити атроф, тадбирҳои муҳим андешида, дар тозагии муҳит саҳмгузорӣ намоянд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд