(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altЧанде лаҳза пеш мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Муҳайё Акмалхӯҷаева аз шаҳри Душанбе иттилоъ дод, ки омӯзгори фанни забони англисӣ аз Литсейи физикӣ-математикии рақами 1 шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Дилафрӯз Каримова ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019» гардид. Ин боиси ифтихори тамоми мардуми вилояти Суғд ва аз ҷумла шаҳри Хуҷанд аст.

Бояд қайд намуд, ки имсол ба даври ҷумҳуриявии Озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019» панҷ нафар иштирокчӣ аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, ШНТҶ ва шаҳри Душанбе роҳхат гирифтаанд. Инҳо омӯзгори фанни физика аз мактаб Интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшони ВМКБ Ризоалӣ Маҳмадназарбеков, омӯзгори фанни географияи Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Некрӯз Турсунзода, омӯзгори фанни забони англисӣ аз Литсейи физикӣ-математикии рақами 1 шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Дилафрӯз Каримова, омӯзгори фанни таърих аз Мактаби байналмилаии Президентии шаҳри Душанбе Саид Раҳимов ва омӯзгори фанни ҳуқуқи Литсейи ба номи Тимур Собирови шаҳри Ваҳдат Ҳабиба Соҳибова дар даври ниҳоӣ ҳунару маҳорати худро санҷиданд ва ғолибият дар ин Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019» насиби омӯзгори шаҳри Хуҷанд Дилафрӯз Каримова гардид.

Имсол даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур аз рӯйи ҳафт шарт доир гардида, дар он муаррифии таҷрибаи кори омӯзгорон, гузаронидани маҷлиси падару модарон, кор бо компютер, гузаронидани дарсҳои конкурсӣ аз рӯй ихтисос, таҳлили дарс, дарси тарбиявӣ ва посух ба саволҳо гузаронида шуд.

Бояд зикр намуд, ки даври аввали озмун дар муассисаҳои таҳсилотӣ, даври дуввум дар шаҳру ноҳияҳо, даври сеюм дар вилоятҳо ва даври ҷумҳуриявии он дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда мешавад. Дилафруз Каримова ғолиби даври шаҳри ва вилоятии озмуни мазкур гардида буд.

Даври ҷумҳуриявии озмун тайи ду рӯз идома ёфта, баъзе аз шартҳои онҳо дар мактабҳои шаҳри Душанбе доир гардиданд.

Бояд қайд намуд, ки бо талошҳои роҳбарияти шаҳр, шуъбаи маорифи шаҳр, бори аввал аст, ки дар даҳсолаи охир омӯзгори пешқадами шаҳри Хуҷанд "Муаллими соли Тоҷикистон" гардид.

Соли гузашта барандаи “Мураббияи соли Тоҷикистон”-мураббияи ширхоргоҳ-кӯдакистони рақами 27-и шаҳри Хуҷанд Ҳанифа Валиева гардида буд.

Муборак шавад!

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд