(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори КВД «Хуҷандобуканал» бо мақсади баҳрабардорӣ аз муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мулоқот бо ҳузури кормнадон ва коршиносон баргузор гардид.

Директори генералии корхона Носир Ғафурзода зимни баромади худ гуфт, ки қисми аъзами Паёми Роҳбари Давлатро дастоварди 7 соли охир бо таҳлилҳои мусбати иқтисодӣ фаро гирифтаанд, ки бозгӯйи рушди бемайлони кишвар аст.

Сипас, докторанти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ризвоншоҳ Ғуфронов доир ба самтҳои гуногунҷабҳаи Паёми Пешвои муаззами миллат иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки Паёми ироагардида роҳнамо ва нақшаи асосии ҳар як шаҳрвандони кишвар аст. Зеро бо ошноӣ аз муҳтавои Паём мо дар баробари аз дастоварди мамлакат иттилоъ гирифтан, дурнамои фаъолияти Ҳукумати мамлакат маълумот пайдо менамоем.

Тавре, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷиси Олӣ зикр доштанд, ки бо талошҳои Ҳукумати мамлакат дар панҷ соли охир бо ширкатҳои сармоягузории хориҷӣ ва ватанӣ 14 созишномаи сармоягузорӣ ҷиҳати ҷалби сармояи мустақим ба маблағи беш аз 14 миллиард сомонӣ ба имзо расонида шудааст, ки бо татбиқи онҳо 20 корхонаи нави истеҳсолӣ бунёд карда мешавад. Боиси сарфарозист, ки Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо дастгирии ташаббуси чаҳоруми мамлакати мо дар кишварҳои норасоии об як силсила барномаҳоро амалӣ карда истодааст. Дар ин росто, мо низ ҳамчун пешоҳанги ин амал дар Тоҷикистон дар доираи “Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025” доир ба таъмин кардани аҳолии кишвар бо оби босифати ошомиданӣ як силсила корҳоро анҷом додем.

Иттилоъ дода шуд, ки дар самти таъминоти аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ ва обёрии заминҳои кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд 52 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар ҳаҷми 7,8 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст. То имрӯз дар 23 шаҳру ноҳияи кишвар, аз ҷумла дар аксари шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ доир ба обтаъминкунӣ дар ҳаҷми 1,5 миллиард сомонӣ ба анҷом расида, 9 лоиҳаи дигар ба маблағи боз 1,5 миллиард сомонӣ идома дорад. Дар натиҷа дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Ваҳдат, Ҳисор ва ноҳияҳои Панҷу Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мушкилоти таъмини аҳолӣ бо оби босифати нӯшокӣ асосан ҳал гардидааст.

Ризвоншоҳ Ғуфронов дар идомаи баромади худ, роҷеъ ба паҳлуҳои дигари Паёми Роҳбари Давлат ба ҳозирин маълумоти муфассал дод.

Дар ҷараёни мулоқот кормандони КВД «Хуҷандобуканал» низ фикру ақидаҳои хешро доир ба мавзуъҳои матраҳшуда баён доштанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд