(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади таҷлили пуршукуҳи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон да шаҳри Хуҷанд силсилаи корҳои созандагию бунёдкорӣ авҷи тоза мегирад.

Роҳбарияти шаҳр ба раванди корҳои бунёдкорӣ ва ободонӣ таваҷҷуҳ ва тақвияти бештар дода, дар ин самт бо истифода аз тамоми имконоту захираҳо бо маблағгузории давлатию бахши хусусӣ чораҳои амалӣ андешида шуда истодааст.

Ин буд, ки дар соли 2019 ҳаҷми маблағгузории асосӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои молиявӣ 311 миллиону 100 ҳазор сомониро ташкил дода, ба маблағи 215 миллиону 500 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонию васлкунӣ ба анҷом расонида шуданд, ки он нисбат ба соли 2018 мутаносибан 18,1 ва 4,6 дар сад зиёд мебошад. Илова бар ин, ҳаҷми корҳои ба сомон расонидашудаи корхонаҳои пудратӣ ба 188 миллиону 800 ҳазор сомонӣ расидааст.

Маврид ба зикр аст, ки ҳар як сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хуҷанд боиси ифтихори сокинон гашта, он барои инкишофи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ саҳми босазо мегузорад. Соли сипаригашта низ, Пешвои муаззами миллат ҳангоми 2 сафарҳои кориашон ба шаҳри Хуҷанд дар ифтитоҳи 12 адад иншоотҳои ҳаётан муҳими иҷтимоию иқтисодӣ иштирок намуданд, ки ин иқдомҳо аз идомаи сиёсати пайгирона ва хирадмандонаи Сарвари муаззами кишвар шаҳодат медиҳад.

Бояд қайд намуд, ки дар соли 2020 бунёди боз 10 адад корхонаҳои истеҳсолӣ ва як қатор иншоотҳои таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Дар маҷмўъ дар соли 2019 зиёда аз дар доираи нақшаи чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд зиёда аз 280 иншооти гуногуни иҷтимоию маишӣ ва савдою хизматрасонӣ дар шаҳри Хуҷанд мавриди истифода қарор дода шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд