(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРӯзҳои охир аз ҷониби сокинони шаҳри Хуҷанд доир ба ҳолати истифодаи нерӯйи барқ ва зиёд шудани маблағи қувваи барқ ҳар гуна овозаву нофаҳмиҳо ба назар мерасад.

Бо мақсади таҳлил ва бозгӯйи воқеъияти ҳол мо аз Насрулло Усмонов, сардори шуъбаи назорат ва кор бо гуруҳи татбиқи лоиҳаи «Барқи тоҷик» дар Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд хоҳиш намудем, ки ба масъалаи мазкур равшанӣ андозад.

Насрулло Усмонов, сардори шуъбаи назорат ва кор бо гуруҳи татбиқи лоиҳаи «Барқи тоҷик» дар шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд гуфт, ки агар аҳолии шаҳри Хуҷанд моҳи декабри соли 2018 ба маблағи 10 миллиону 319 ҳазору 445 сомонию 95 дирам ё худ 53 миллиону 275 ҳазору 405 кВт. соат барқ сарф карда бошад, ин нишондод дар моҳи декабри соли 2019 ба маблағи 12 миллиону 500 ҳазору 449 сомонию 28 дирам ё худ 55 миллиону 165 ҳазору 266 кВт. соат қувваи барқро ташкил медиҳад.

Гузашта аз ин 17 фисад афзоиши нархи қувваи барқ низ аз моҳи сентябри соли 2019 низ амалӣ карда шудааст, ки ба афзун шудани маблағи қувваи барқ таъсир мерасонад.

Дар мавриди дақиқкории фаъолияти ҳисобкунанкҳои барқӣ Насрулло Усмонов қайд кард, ки маҳз дар замони Истиқлолият бо ибтикорот ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд инкишоф ёфта, бори аввал дар Тоҷикистон низоми биллингӣ, яъне худкор дар соҳаи энергетика роҳандозӣ карда шуд ва он бомуваффақият анҷом ёфт. Ин лоиҳа имкон дод, ки тамоми таҷҳизоти барқрасонии шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд таҷдиду азнавсозӣ шуда, талафоти неруи барқ паст ва шиддат беҳтар гардид. Имрӯз 57 283 адад ҳисобкунакҳои барқӣ ба манзили муштариён насб карда шуд. Низоми биллингӣ аз муштариён тақозо менамояд, ки бояд дар мавриди оқилонаву сарфакорона истифодабарии нерӯйи барқ мардум ҳушёр бошанд.

Дахолати инсон ба системаи биллингӣ, хусусан ба ҳисобкунанкҳои барқ имконнопазир аст. Вале ҳолатҳои аз тарафи шаҳрвандон алоҳида ғайриқонунӣ пайваст намудани хатти ҳисобкунаки ашхоси дигар низ ба қайд гирифта шудааст, ки ин ҳолатҳо дар натиҷа муроҷиати шаҳрвандон ошкор карда шуданд.

Агар ба Идораи Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд аз санаи 8 январ то 11 январи соли 2018 беш аз 500 нафар муштариёни шабакаҳои барқӣ оид ба афзудани қимати истифодабарри неруйи барқ муроҷиат намуда бошанд, имрӯз дар ин муҳлат ҳамагӣ 42 нафар муроҷиат намудаанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мардум дар мавриди истифодаи нерӯи барқ дақиқкор шудаанд. Агар ба ҳисоби миёна дар ҳар як хонадон ё муштариёни шабакаи барқ чунин таҷҳизоти барқӣ: як адад аристон -1,5 кВт., печи гармидиҳӣ – 2,5 кВт., кандитсионер -2,5 кВт., телевизиор -0,2 кВт. ва лампаҳои рӯшноидиҳанда – 0,1 кВт., фарши гарм -5 кВт тавоноӣ дошта бошанд, дар маҷмуъ ба 11,8 кВт тавоноӣ баробар мегардад. Ин шумораро ба соати истифода ва баъдан ба рузи истифода зарб намоем, қувваи барқи истифодашудаи моҳона муайян мегардад. 11,8 кВт *12соат*30 рӯз*0,2266 сомонӣ=962 сомонию 60 дирам баробар мегардад.

Баробари овардани ин мисолҳо танҳо дар истифодаи неруи барқ бояд сарфакориро риоя намуд, зеро ҳисобкунакҳои рақамии нав ҳар як киловати барқи истифодашавандаро дақиқ муайян менамояд. Системаи биллингӣ муттамарказонидашуда буда, дар ҳисобу китоби он ягон шахс наметавонад дахолат кунад.

Барои маълумот: Агар ҳамин давраи соли гузашта арзиши 1кВт *соат19, 37 бошад, имрӯз бошад 22, 66 дирам муайян шудааст, яъне 17 фисад арзиши он фарқият дорад.

Сониян дар ҳолати зиёд намудани таҷҳизоти барқии тавоноияш калон дар фасли сармо эҳтимолияти паст шудани шиддати барқ ба миён меояд. Аммо ба харҷи нерӯйи барқ таъсир намерасонад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд