(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altҲаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардидаи корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд дар соли 2019 ба 1,3 миллиард сомонӣ расида, ҳаҷми он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,4 фоиз афзудааст.

Дар ин давра баҳри рушди соҳаи саноати шаҳр ҳамчун шартҳои асосию муҳим ба маблағи зиёда аз 23 миллион сомонӣ сармояҳои дохилӣ ва хориҷӣ ҷалб гардида, аз ҷониби 16 корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 206 миллиону 600 ҳазор сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷии дуру наздик содирот карда шудааст.

Аз миқдори умумии корхонаҳои саноатӣ 60 ададашон 26 намуд молҳои воридотивазкунанда ба маблағи 343 миллиону 700 ҳазор сомонӣ истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 21 миллиону 200 ҳазор сомонӣ ё 6,6 фоиз зиёд мебошад.

Ин омилҳо барои ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ ва кам шудани маҳсулоти қаблан воридшаванда шароит ва замина фароҳам оварда, ба ташкили ҷойҳои нави корӣ ва афзудани ҳаҷми даромади буҷа мусоидат менамояд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд