(0 овоз, миёна 0 аз 5)


altАз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кулли коркунони алоқа ва радиои маҳаллиро бо фарорасии иди касбиашон самимона табрику таҳният мегӯям, ба онон дар иҷрои вазифаашон муваффақият мехоҳам, барояшон саломатӣ ва умри дарози бехалал орзу мекунам.
Алоқа, почта ва радио аз соҳаҳои муҳими системаи мукаммали коммуникатсионӣ аст, аз ин рӯ, ба ин соҳа аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ эътибори ҷидди дода мешавад.
Чи хеле Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: «Масъалаи бунёди роҳҳои алтернативӣ тоқозо менамояд, ки Ҳукумати кишвар доираи ҳамгироии иқтисодиро тавсеа бахшида, дар доираи созмонҳои минтақавӣ ҷиҳати пайваст шудан ба шабакаҳои байналмиллалии коммуникатсионӣ ва ташкили шабакаҳои нави мутобиқ ба меъёрҳои муосир чораҳои зарурӣ андешад…».

Имрӯз равшан ба назар мерасад, ки алоқачиён дараҷаи сифати хизматрасониро пайваста баланд мебардоранд. Зеро паҳн кардани мавҷи радио ва ташкили алоқаи телефонӣ хеле беҳтар шудааст. Алҳол радио хуб кор мекунад ва сухан аз он форам мебарояд. Кори телефони шаҳри ҳам хуб шудааст. Маҳз барои ҳамин сокинони шаҳр мехоҳанд дар хонаҳояшон нуқтаҳои радио ва телефон бошанд, то ки аз ҷои нишаст бо тамоми гӯшаи дунё тамос гирифта тавонанд. Аз ин рӯ, шумораи нуқтаҳои телефон дар Хуҷанд зиёда аз 28 ва нуқтаи радио бошад ба 4700 расидааст. Почта ҳам рӯзномаю маҷалларо ба обуначиён бе таъхир мерасонад. Алҳол коркунони соҳа кӯшиш мекунанд кори таъҷилии почта ҳам ба роҳ монда шавад.
Баробари такмил ёфтани системаи алоқа минбаъд низ роҳҳои нави хизматрасонӣ ба роҳ монда мешавад. Зеро, алоқа ҳам ҳамқадами ҳаёт шудааст ва барои расидани хизмати он ба меъёрҳои ҷаҳонӣ тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд.
Итминони комил дорам, ки алоқачиёни шаҳр ин гуфтаро сармашқи фаъолияти худ карда, ба комёбиҳои бештар ноил мегарданд.
Иди касби муборак алоқачиёни азиз!