(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо садо додани Суруди миллӣ дар гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии Шӯрои шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар кори он сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода ва муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҷаласа нахуст фаъолияти шуъбаи маорифи шаҳр дар соли 2019 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Муҳайё Акмалхӯҷаева, мудири шуъбаи маорифи шаҳр доир ба самтҳои фаъолият дар соли 2019 иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки аз рӯи ҷамъбасти соли таҳсили 2018-2019 - 3 нафар муҳассилини муассисаҳои таълимии шаҳр мактабро бо медалҳои тилло ва нуқра хатм намуданд. Инчунин, 87 нафар хонандагони синфи 9-ум ба гирифтани аттестати аъло сазовор гардиданд.

Таъкид гардид, ки дар соли таҳсили 2018-2019 102 нафар хонандагони синфҳои 5-11 дар Олимпиадаи фаннии вилоятӣ ва дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ 47 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гаштанд. Бо ин дастоварди арзанда дастаи хонандагони болаёқати шаҳр дар миқёси ҷумҳурӣ мақоми сеюм ва дар миқёси вилоят ҷойи аввалро ишғол намуданд.

Дар олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ ва лоиҳавӣ толибилмони шаҳр ба гирифтани 29 ҷойи ифтихорӣ, дар олимпиадаи байналмилалии фосилавӣ 71 ҷойи ифтихорӣ, дар маҷмӯъ 100 ҷойи ифтихорӣ сазовор гардиданд. Дастаи хонандагони болаёқати муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд дар гирифтани медалҳои тилло ва нуқра, аттестати аъло, иштирок дар олимпиадаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ пайваста ба мақомҳои ифтихорӣ ноил гардиданд.

Дар олимпиадаи байналмиллалии фаннӣ, лоиҳавӣ, фосилавӣ, ки дар давлатҳои Ҳиндустон, Тайланд, Қазоқистон, Франсия, ИМА, Туркия, Русия, Катар баргузор гардиданд, дастаи хонандагони болаёқати шаҳр ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.

Муҳайё Акмалхӯҷаева ҳамзамон доир ба дастовардҳои дигар самтҳо маълумоти муфассал ироа намуд. Сипас, масоили дигари ҷаласаи Шӯрои маорифи шаҳр, аз қабили рафти татбиқи “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд,пешиҳодоти прокуратураи шаҳр, ҷамъбасти олимпиадаи фаннӣ ва ғайраҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода ва муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода бо натиҷагирӣ аз фаъолияти шуъбаи маорифи шаҳр дар соли 2019 аз ҷумла таъкид намуданд, ки аҳли маорифи шаҳр баҳри баланд бардоштани саводомӯзии мукаммал ва тарбияи комили хонандагон аз тамоми имкониятҳо истифода баранд.

Бо вазифагузорӣ ва муайян намудани ҷанбаҳои фаъолият ба ҷаласаи Шӯрои маориф шаҳри Хуҷанд ҳусни анҷом бахшида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд