(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади тарғибу ташвиқи нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Хуҷанд мулоқоту вохӯриҳо доир гардида истодаанд.

Чунин мулоқот дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1» бо иштироки табибон ва кормандони БКШ№1, маркази эндекринологӣ, маркази саратоншиносии вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода, аъзои гурӯҳи таблиғотию ташвиқотии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Абдуҳаким Шарипов ширкат варзида, дар бораи нуктаҳои асосии Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олӣ суханронӣ намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд