(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар МТМУ №14-и шаҳри Хуҷанд семинари омӯзишӣ бо ҷалби хонандагони муассисаҳои таълимӣ таҳти унвони «Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ барои ҷавонони синни даъват» баргузор гардид.

Дар семинар мутахасиси шуъбаи маорфи шаҳр Замира Маҳмудова, мушовири шуъбаи маориф Музаффар Эшонов, роҳбарони иттиҳодияи ҳарбии як қатор макотиби шаҳр ва хонандагон иштирок намуданд.

Таъкид гардид, ки худогоҳию хештаншиносӣ ва масъулияти ватандорӣ ҳанӯз аз суруди аллаи модар оғоз гардида, бо гузашти вақт такмил меёбаду ба ишқи ҳақиқӣ мубаддал мегардад. Ин табаддулотро дар ниҳоди ҷавонон омӯзгорон дар соатҳои дарсию тарбиявӣ, барномаю филмҳои ҳуҷҷатӣ оид ба мардонагиву шуҷоат, хондани қиссаву очеркҳо оид ба фаъолияти қисмҳои ҳарбиву матонат дар машқҳои ҳарбӣ ба вуҷуд меоваранд, ки дар натиҷа меҳри Ватан ба ишқи бузург табдил ёфта, чун ҷавонмардони баору номус барои ҳифзу ҳимояи Ватан бо ишқи поку самимияти афзун баҳри адои хизмати Ватан ба аскарӣ мераванд.

Зикр шуд, ки хизмат ба Ватан баробари хизмат ба модар аст. Ҳар шахси комилақл барои модар ва аҳли оилааш мехоҳад хизмати шоистае карда, қарзи фарзандии худро дар наздаш адо кунад. Аввалин қарзи ҷавонмардони Ватан ин хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ буда, барои ҳимояи он сипари боэътимод гардидан мебошад. Марзу буми кишвар барои мо - сокинони ин Ватани орому осуда ҳамеша қимат буду муқаддас. Бинобар ин мебояд ин муқаддасоти худро амсоли гавҳараки чашм нигоҳбонӣ кунему барои ҳифзаш ҳамеша омода бошем.

Хонандагон аз ин семинар бардошти хуб намуда, таъкид доштанд, ки Ватани мо, Тоҷикистони азизи моро имрӯз касе ғайр аз худамон ҳифз нахоҳад кард. Ватан мисли модар ҳар яки моро ба оғӯш кашидаву бо меҳр парвардааст, то рӯзе ба ҳифзаш ҷон рӯи каф гирифта, марзу бумро ҳимоя кунем. Ва мо омодаи хизмат дар Ватану миллати хеш ҳастем.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд