(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вохӯрии гурӯҳи тарғиботӣ оид ба тарғибу ташвиқ ва шарҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат баргузор шуд.

Нахуст ноибректори донишгоҳ Мубина Хоҷаева вохӯриро ифтитоҳ намуда, доири ҳадафи мулоқот маълумот дод.

Дар вохӯрӣ муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳомиддин Камолзода, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии мамлакат Саодат Аминҷонова, муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода, ноибректори ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров Рухсора Давлатзода ва намояндаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд иштирок ва баромад намуданд.

Таъкид гардид, ки саҳми бузургу беназири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёд, рушд ва инкишофи самтҳои ҳамаҷонибаи Тоҷикистон, таҳкими Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, боло бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум бағоят бузург аст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард афзоиш ёфт. Дар ин давра ҳаҷми умумии даромади буҷет қариб ду баробар афзуда, аз 12 миллиард сомонии соли 2013 ба 23 миллиард сомонӣ баробар шуд. Тайи солҳои зикршуда даромади пулии аҳолӣ беш аз ду баробар ва музди меҳнати миёнаи як корманд 2,4 баробар афзоиш пайдо кард. Бақияи пасандозҳо дар низоми бонкии кишвар соли 2019 беш аз 9,5 миллиард сомониро ташкил карда, дар ҳафт соли охир 45 фоиз зиёд гардид.Сатҳи камбизоатӣ ба 27,5 фоиз паст шуда, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 75 сол боло рафт.Ҳамзамон бо ин, тибқи таҳлилҳо дар замони соҳибистиқлолӣ нишондиҳандаи умумии фавт қариб ду баробар, аз ҷумла фавти кӯдакони синни то панҷсола 3,2 баробар кам шудааст. Дар ин давра аҳолии Тоҷикистон аз панҷуним миллион қариб ба 9,5 миллион нафар расида, беш аз 70 фоиз афзудааст. Саҳми бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ соли 2013-ум 54 фоиз буд ва ин нишондиҳанда соли 2019 ба 70 фоиз расонида шуд. Яъне нишондиҳандаҳои дар соли 2013 пешбининамудаи барномаи номзад ба Президенти кишвар барои 7 сол, дар маҷмӯъ, иҷро гардиданд.

Дар интиҳо таъкид шуд, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин дастуру роҳнамо барои фаъолияти созанда дар ҳамаи самту соҳаҳо ба ҳисоб меравад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд