(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар МТМУ 27-и шаҳри Хуҷанд олимпиада аз фанни забони англисӣ таҳти унвони “Splling Bee” («Талаффузи овозҳо») баргузор гардид.

Дар ҷараёни олимпиада мудири шуъбаи маорифи шаҳр Муҳайё Акмалхӯҷаева иштирок ва суханронӣ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки ҳадаф аз баргузор намудани олимпиадаи мазкур баланд бардоштани шавқу рағбати хонандагон ба омӯзиши забони англисӣ дар самти татбиқи «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забони русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии барои солҳои 2015-2020» мебошад.

Зикр гардид, ки ба василаи гузаронидани олимпиада хонандагони болаёқат дарёфт гардида, чунин хонандагон баҳри таҳсил бар хориҷи кишвар омода мешаванд. Ҳамзамон захираи луғавии муҳассилин тавассути азхуд намудан ва истифодаи ҳарчи бештари калимаҳо ғанӣ мегардад.

Дар олимпиадаи«Талаффузи овозҳо» 65 нафар хонандагони макотиби шаҳр дониши худро санҷиданд ва доварон ғолибонро муайян намуданд.

Ҳамин аз дастпарварони МТМУ №3, №9, 11, мактаби хусусии «Дониш», литсей барои хонандагони болаёқат, литсейи Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд ғолибият ба даст оварданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд