(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади иҷрои дастур супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ ҷиҳати сазовор истиқбол намудани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва беҳбудбахшӣ ба вазъи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд силсилаи корҳои ободонию созандагӣ бомаром ҷараён дорад.

Имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар кӯчаи Гагарин, оғоз аз буриши кӯчаи Сирдарё то купрӯки нав беш аз 100 бех дарахтони навъи Ардач шинонида шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти шаҳр ҷиҳати боз ҳам ободу зебо намудани ду қадди ин шоҳроҳи асосии шаҳр дастуру супоришҳои махсус дод. Таъкид гардид, ки баҳри сазовор истиқбол ва ҷашн гирифтани Иди Наврӯзи байналмилал бояд аз имрӯз омодагӣ гирифт. Тозаву обод намудани ҳар як гӯшаи шаҳр, шуруъ аз манзили шаҳрвандон то корхонаву ташкилот ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ба назари эътибор гирифта шавад. Барои шаҳрвандон бояд зиндагии шоиста ва мавзеъҳои хуби истироҳатиро бештар муҳайё созем.

Таъкид гардид, ки ду канори соҳили дарё барои бемамоният роҳ гаштан ва машғул шудан ба навъҳои сабуки варзиш аз ҳар гуна иншооти худсохти озод карда шавад. Дарёи Сир бо намуди зебои зоҳирии худ дар баробари афзун намудани ҳусни шаҳр, таваҷҷуҳи сайёҳҳони дохиливу хориҷиро ҷалб месозад. Бунёди инфрасохтори хизматрасонӣ дар канори дарёи Сир мувофиқи мақсад дониста шуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки то ба имрӯз дар шаҳри Хуҷанд беш аз 500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шуд. Чунин маъракаҳои ниҳолшинонӣ дар гӯшаву канори шаҳр то оғози фасли баҳор идома хоҳад ёфт. 

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд