(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо мақсади омодагии шаҳр ба ҷашни Наврӯзи байналмилал ва Фестивали гули лола 2020 ва шиносоӣ аз ҳолати воқеъии канори кӯчаҳо ва микроноҳияҳои атрофи боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ аз ин минтақа пиёда боздид намуд.

Маъруф Муҳаммадзодаро дар ин боздид муовини Раиси шаҳр оид ба сохтмон, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, директори генералии КВДК «СО ва ХМК»-и шаҳр, сардорони қитъаҳои зертобеъ, раиси кумитаи маҳаллаи Дӯстии халқҳо, мақомоти назоратии шаҳр ва дигар роҳбарони воҳидҳои сохтории дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳамроҳӣ намуданд.

Раиси шаҳр аз ҳолати ҷӯйборҳои канори роҳ, насби овезаву рекламаҳои гуногуни пур аз ғалат ва ноҷурии мағозаҳо, ки ҳусни шаҳрро коста менамуд, интиқод карда, супориш дод, ки фавран тамоми мағозаҳо ва нуқтаҳои савдои канори роҳҳои байни микроноҳияҳои 31, 32 ва 32, 33 аз ҳар гуна навиштаҷоту рекламаҳо тоза карда шуда, роҳравҳо бо усули ҷадид барқарор карда шаванд.

Ба роҳбарияти идораи кабудизоркунӣ супориш дода шуд, ки буриши мавсимии тамоми дарахтҳои кӯчаҳои номбурда, гузаронида шуда, шинонидани ниҳолҳои ороиширо оғоз намоянд.

Маъруф Муҳаммадзода ба масъулини дахлдор барои гузаронидани таъмири биноҳои микроноҳияҳои 31 ва 32 дар ҳамкорӣ бо соҳибмулкон дастуру супоришҳои мушаххас дод. Ҳамчунин дар ҷараёни боздиди худ Раиси шаҳр аз маҳаллаи “Дӯстии халқҳо”, микроноҳияҳои 31 ва 32 ба масъулини соҳа супориш дод, ки барои бартараф намудани нуқтаҳои ғайриқонунии савдо ва ҳар гуна сохтмонҳои худсохт аз гирду атрофи хонаҳои баландошёна тадирбҳо андешида шавад.

Ҳамчунин мошинсаройҳои ғайриқонунӣ, ҳаргуна симтӯру панҷараҳо ва хоначаҳои худсохти назди биноҳои истиқоматии микроноҳияҳои номбурда бартараф карда шуда, ин минтақаҳо тозаву обод ва кабудизор карда шавад. Ҷиҳати тарғиби маданияти шаҳрвандӣ чорабиниҳо амалӣ карда шаванд. Барои шаҳрвандон дар ин мавзеъ майдончаҳои варзишӣ ва макони истироҳат муҳайё гарданд.

Дастур дода шуд, ки ба корҳои сохтмонии ҳудуди МТМУ №10 тақвият бахшида шавад, ҳамарӯза корҳои ободонӣ аз ҷониби маъмурияти муассисаи таълимӣ роҳандозӣ гардад. Ҳамчунин ҷиҳати истифода додани хонаи баландошёнаи марбут ба шаҳрванд Пӯлодҷон Тоҷибоев тақвият дода шуда, ба кабудизоркунӣ ва ободонии атрофи он аҳамияти ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

Дар анҷоми боздиди Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз мавзеъҳи номбурдаи шаҳр ба иҷрокунандагон ва масъулин супориш дода шуд, ки ситод ташкил карда шавад ва ҳамарӯза гузориш ҷиҳати бо сифати баланд иҷро намудани дастуру супоришҳои дар боло қайдгардида ба роҳбарияти шаҳр ирсол гардад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд