(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altИмруз Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар остонаи Соли нави мелодӣ якчанд нафар собиқадорони арсаи ҷангу меҳнатро мавриди аёдат қарор дод. Нахуст Маъруф Муҳаммадзода ба манзили Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, собиқадори меҳнат, Ҳамроҳхон Тоҳирова рафта, мавсуфро аёдат намуд.

Шаҳрдор Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, собиқадори меҳнат, Ҳамроҳхон Тоҳироваро аз номи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо Соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, аз ҷумла зикр дошт, ки Давлату Ҳукумат бо чунин занони матинрода, фарзона ва фазилатпешаи дуогӯйи миллат ифтихору сарфарозӣ менамояд.

Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, собиқадори меҳнат, Ҳамроҳхон Тоҳирова аз ин таваҷҷуҳу самимият болида гардида, ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён карда, шукронаи амнияту оромии давлатро намуда, таъкид дошт, ки чунин давлати орому осуда, ҷаннати рӯйи заминро дар хоби шабаш ҳам надидааст. Зеро аз сари ин бонуи рӯзгордида чӣ гуна рӯзҳои мудҳишу ҷонгудоз гузаштааст.

Бояд қайд намуд, ки соли 1965 дар ҳаёти Ҳамроҳ Тоҳирова воқеаҳои фараҳбахш рух доданд. Мавсуф вакили анҷумани ХХIII КПСС интихоб гардид, гирифтани унвони Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, орденҳои Ленин ва «Ситораи Сурх» ва насибаш гашт. Ў вакили анҷумани ХХIV КПСС ва съездҳои ХIV, ХV, ХVI, ХVII, ХVIII Партияи коммунистии Тоҷикистон низ будааст. Ҳарчанд номи Ҳамроҳ Тоҳирова дар тамоми Иттиҳоди Шуравӣ машҳур шуд, ў савори аспи ғурур набуд, балки фурўтан монд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки Ҳамроҳ Тоҳирова аз аввалин бонувони шаҳри Хуҷанд аст, ки соли 1974 ба муносибати 50-солагиаш ба унвони Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд шарафёб гардид ва ҳамон сол ба нафақа баромад. Чилу панҷ сол аст, ки нафақа мегирад, вале аз корҳои ҷамъиятӣ дар канор нест, дар ҷамъомад аз таҷрибаи зиндагии хеш ҳикоя мекунад, роҳҳои пешрафти худ ва пешбурди коргоҳро ба ҷавонони навкор нишон медиҳад.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҳамчунин иштирокчии ҶБВ Рабига Малинина ва собиқ сардори стансияи бойтории шаҳр, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Латиф Қодировро мавриди аёдат қарор дод.

Дар ин рӯз намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бинокори хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нафақагири хизматҳои махсус Азимҷон Бобоҷоновро низ аз номи Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аёдат намуданд.

Дафтари матбуоти

Раиси шаҳри Хуҷанд