(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд муаррифии мудири тозатаъини бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд-Абдувосит Ғафуров баргузор гардид.

Фирӯза Нуруллозода муовини Раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ дод, ки бо пешниҳоди Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва фармоиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдувосит Ғафуров ба вазифаи мудири бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд таъин гардид.

Абдувосит Ғафуров хатмкардаи ихтисоси математикаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва филиали Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон буда, аз соли 2007 то таъин гардидан ба мансаби мудири бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд дар вазифаҳои мухталифи соҳаи ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ифои вазифа намудааст.

Фирӯза Нуруллозода муовини Раиси шаҳри Хуҷанд мудири тозатаъини бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Абдувосит Ғафуровро баҳри амалӣ намудани сиёсати пешгирифтани Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва супоришҳои Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҳидоят намуд.

Таъкид карда шуд, ки мавсуф вазифа ва масъулияти роҳбариро бо тарзу усулҳои муосир, меҳнати софдилона баҳри ободии Ватан ва таъмини фазои шаффофу мусоиди кору фаъолият дар ниҳодҳои зери роҳбарияш роҳандозӣ намоянд.

Сармутахассиси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Шаҳбоз Ахмедов, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳр Муяссара Қаҳҳорӣ, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд Усмонҷон Юсуфӣ ва дигарон аз хислатҳои хамида ва фаъолнокию кордонии Абдувосит Ғафуров тавсиф намуда, барои кору меҳнати минбаъдааш муваффақиятҳо орзу намуданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки қаблан дар вазифаи мудири бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов фаъолият дошт, ки алҳол мавсуф дар маснади роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд кор мекунад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки шумораи умумии ҷавонони шаҳи Хуҷанд 61,8 ҳазор нафар буда, аз ин 30,8 ҳазор нафар духтарон ва 31 ҳазор нафарро писарон ташкил медиҳанд. Дар ҳудуди шаҳр зиёда аз 300 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 7 варзишгоҳ, 185 майдончаҳои варзишӣ, 68 толори варзишӣ, 4 ҳавзҳои шиноварӣ, 37 иншооти махсуси варзишӣ ва 1 маркази варзишӣ ва солимгардонӣ мавриди истифодабарӣ қарор дорад.

Ҳамчунин, бунёд ва азнавсозии толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ бо маром идома дошта, дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ 16 иншооти варзишӣ бунёд ва азнавсозӣ гардида, ба истифода дода шуд. Дар шаҳр 6 мактабҳои варзишӣ бо теъдоди 132 нафар мураббӣ аз рўи 29 намуди варзиш ба 4090 нафар ба варзишгарон машқу тамрин медиҳанд, ки ин шумора 421 нафарашон духтарон мебошанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд