(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар шаҳри Хуҷанд зиёда аз 500 иншооти таъиноташ гуногун дар партави иҷрои ҳадафҳои Паёми Пешвои муаззами миллат бунёд шуданд.

Ҳамасола ироа гардидани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тамоми паҳлуҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар фаро мегирад, амсоли ҳуҷҷати стратегиест, ки раҳнамои фаъолият дар соли тақвимии нав аст.

Дар муҳтавои Паёмҳо ҳимояи манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва амнияти кишвар, ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохтори бозорӣ, муҳайё кардани шароити мусоиди иқтисодӣ-иҷтимоӣ барои рушди устувори кишвар, роҳҳо ва усулҳои амалишавии онҳо бо далелу рақамҳои оморӣ хеле хуб пешниҳод мегарданд. Вазъи мураккаби раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, нооромӣ дар гӯшаву канори сайёра ҳар як сокини кишварамонро ба он водор месозад, ки барои ноил шудан ба вазъи зиндагии сифатан нави аҳолии кишвар, таъмини зиндагии шоиста камари ҳиммат баста, барои корҳои ободониву созандагӣ саҳмгузор бошем.

Таҳлили рақамҳои оморие, ки дар Паёми соли гузашта барои рушди иқтисодиёти миллии кишвар оварда шудаанд, дар замири ҳар фарди мамлакат ҳисси баланди ифтихору масъулиятшиносиро ҷой медиҳад. Махсусан зарурати баландбардории сифати неруи инсонӣ, сатҳи маълумотнокӣ ва сифату зиндагии шоистаи мардум тавассути татбиқи чорабиниҳои дастаҷамона дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ: соҳаи саноат, аз ҷумла, энергетика, кишоварзӣ, маориф ва тандурустӣ, шуғли пурраи аҳолӣ, рушди соҳибкорӣ мушаххас зикр гардидааст.

Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон бино бар таҳлили коршиносони масоили иқтисодӣ танҳо баъд аз соли 2000-ум ба марҳилаи ҳақиқии рушд ворид шуда, пешрафти босуботи иқтисодӣ ва беҳсозии сатҳу сифати зиндагии мардум тавассути суръат бахшидани корҳои бунёдкориву созандагӣ, бахусус сохтмону таҷдиди инфрасохтори нақлиётӣ, энергетикӣ, иҷтимоӣ ва татбиқи ислоҳоти фарогир дар бахшҳои гуногун, дар доираи се ҳадафи стратегӣ: таъмини амнияти озуқаворӣ, баромадан аз бунбасти комуникатсионӣ, расидан ба Истиқлолияти энергетикӣ таъмин гардид. Ва дар Паёми соли гузаштаи Роҳбари Давлат ҳадафи чоруми миллӣ: саноатикунонии босуръати кишвар эълон гардид, ки тибқи нақшаи таҳиянамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимият давлатии шаҳри Хуҷанд силсилаи корҳои зиёд ба анҷом расонида шуданд.

Чунончӣ соҳаи саноат дар шаҳри Хуҷанд рӯ ба тараққӣ ниҳода, нақшаву барномаҳои мукаммал дар ин самт таҳия ва марҳила ба марҳила татбиқ мегарданд. Соҳибкорони шаҳр бо ташкили коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ ва афзоиш бахшидани ҳаҷми истеҳсолот барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишар қадамҳои устувор мегузоранд. Имрӯз теъдоди корхонаҳои истеҳсолии хурду миёнаи фаъол дар шаҳр ба 168 адад расидааст. Натиҷаи фаъолияти пурсамари корхонаҳои саноатиро афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсолот ба андозаи 149,7 млн сомонӣ нисбат ба як соли пеш бозгӯ мекунад. Агар дар ҳамин давраи соли 2018 маблағи умумии маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд 1025 млн сомониро ташкил дода бошад, пас ин нишондод дар соли 2019 ба 1174,7 млн. сомонӣ баробар гардидааст.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар шаҳри Хуҷанд 98 намуд маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда мешавад ва сифатнокии маҳсулоти истеҳсолгардида дар корхонаҳои саноатӣ таъмин аст. Содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар низ дар шаҳри Хуҷанд тақвият меёбад. Баробари таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифати саноатӣ дар ин давра аз тарафи 16 корхонаи истеҳсолии шаҳр ба маблағи 205,1 млн. сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷии дуру наздик содир карда шудааст. Содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар албатта дар заминаи таъмин будани рақобатпазирии он дар бозори ҷаҳонӣ имконпазир мегардад. Барои тақвият бахшидани истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот соҳибкорону сармоягузорон дар шаҳри Хуҷанд ҳавасманд мебошанд. Ин аст, ки соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда дар корхонаҳои шаҳр ба 305,1 млн. сомонӣ баробар гардидааст. Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд фаъолияти 58 корхонаи хурду калон ба ин самт нигаронида шудааст. Суръатбахшии истеҳсолот бо истифода аз ашёи хоми ватанӣ ҳадафи асосӣ барои саноатчиёни шаҳр ба шумор меравад. Ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои истеҳсолии нав, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаолият бозмонда ва дар ин замина ташкили ҷойҳои кории нав аз аҳдофи дигари масъулони соҳа ба шумор меравад. Соли 2019 дар шаҳр Хуҷанд 12 корхонаҳои истеҳсолии нав таъсис дода шуд ва дар ин замина 296 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардид. Коркарди меваю сабзавот ва аз он истеҳсол намудани маҳсулоти серталаб дар бозори истеъмолӣ натиҷаҳои хубро ба бор овардааст. Дар заминаи андешидани тадбирҳои мушаххас ҷиҳати баланд бардоштани дараҷаи таъмини корхонаҳои нассоҷӣ бо нахи пахта, пешгирӣ намудани зиёдшавии содиротӣ нахи пахта имрӯз дар шаҳри Хуҷанд 6 корхонаҳои саноатӣ бо коркарди нахи пахта машғул мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи ин корхонаҳо ба миқдори 2028,64 тонна нахи пахта коркард карда шудааст. Дар аксар корхонаҳои насоҷии шаҳр нахи пахта то сатҳи ниҳоӣ, ки ин талаботи қатъии роҳбврияти олии мамлакат мебошад коркард шуда, сипас ба хориҷи кишвар содирот карда мешавад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №1059 бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ аз 341 банд иборат буда, дар он сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди беш аз 510 иншооти соҳаи хоҷагии халқ, аз ҷумла бунёди коргоҳҳои истеҳсолию саноатӣ, сохтмон ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои маориф, фарҳанг ва тандурустӣ, сохтмони биноҳои истиқоматии баландошёна ва маъмурию хизматӣ, сохтмони ҳаммом, чойхона, толори ҳусн, марказҳои хизматрасонӣ ва ғайраҳоро дарбар гирифтааст, ки то соли 2021 сохта ба истифода дода мешаванд.

Дар давоми соли 2019, корҳои бунёдкорӣ ва созандагӣ баҳри амалигардонии нақшаи чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат дода шуда, дар ин замина дар шаҳр як қатор иншоотҳои гуногуни хизматрасонию маишӣ ва саноатию истеҳсолӣ ба истифода дода шуданд.

Боиси хушнудист, ки дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рўзҳои ҷашнгирии Иди Наврўзи ҷаҳонӣ ва моҳи августи соли ҷорӣ якчанд иншоотҳои ҷашнӣ ба истифода дода шуда, барои боз ҳам зебову гуворо гардидани симои шаҳри бостонии Хуҷанд ва таъмини ҷойҳои нави корӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Аз ҷумла аз ҷониби Пешвои муаззами миллат дар доираи нақша-чорабиниҳои 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, микроноҳияи 19-уми шаҳри Хуҷанд, бинои 9-ошёнаи истиқоматӣ, ки бо маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ бо харҷи 9 миллиону 800 ҳазор сомонӣ сохта шудааст, ба истифода дода шуд.

Инчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Қасри ҷавононро, ки бо тарҳи хеле зебои миллӣ таъмиру таҷдид гардидааст, бо бардоштани парда аз лавҳаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ҳамчунин дар шафати бинои Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ маркази хизматрасонӣ бо харҷи беш аз 2 миллиону 900 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуд.

Дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, баҳри амалигардонии банди 109-и нақшаи чорабинӣ маҷмааи “Роҳи танобӣ” бо дарозии 1 киллометр аз Боғи фарҳангӣ-истироҳатии ба номи Камоли Хуҷандӣ то маҷмааи Шоҳ Исмоили Сомонӣ” ва тарабхонаи замонавии “Темурмалик” дар соҳили дарёи Сир бо харҷи беш аз 23 миллиону 600 ҳазор сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Маҷмааи “Роҳи танобӣ” ва тарабхонаи замонавии “Темурмалик”, ки дар соҳили дарёи Сир бо тарҳи хеле зебо бунёд гаштааст, минбаъд имкон медиҳад, ки ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ боз ҳам зиёд гашта, барои рушди иқтисодиёти шаҳр заминаи мусоид фароҳам оварад.

Ба истифодадиҳии корхонаҳои саноатии “Зервеко” ва “Санги Хоро” дар соли 2019 дар самти саноатикунонии босуръати кишвар саҳми барҷаста дорад. Зеро ин корхонаҳо маҳсулоти воридотивазкуннада истеҳсол менамоянд.

Дар маҷмўъ дар ёздаҳ моҳи соли 2019 зиёда аз 27 банди нақшаи чорабинӣ иҷро гардида, дар доираи нақшаи чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд зиёда 170 иншооти гуногуни иҷтимоию маишӣ ва савдою хизматрасонӣ бо харҷи зиёда аз 201 миллиону 704 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуд.

То имрўз давоми солҳои 2018-2019 дар умум 75 банди нақшаи чорабинӣ амалӣ гардонида шуда, дар доираи нақшаи чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 265 иншооти гуногуни иҷтимоию маишӣ ва савдою хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ҷоиз ба зикр аст, ки имрӯз дар гӯшаву канори маҳаллаҳои шаҳр берун аз нақшаи таҳиянамудаи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии иловатан 240 иншооти таъиноташ гуногун мавриди истифода қарор гирифтанд, ки дар маҷмуъ бо нақшаҳои дар боло номбаршуда зиёда аз 500 иншоот мавриди амал қарор дода шуданд.

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаҳои дурнамои моро муайян ва ояндаи рушди давлатдориамонро мунаввар хоҳад сохт.

Маъруф Муҳаммадзода
Раиси шаҳри Хуҷанд