(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба манзили чанде аз собиқадорони меҳнат рафта, онҳоро аёдат намуда, маводи ниёзи аввал ва маблағҳои пулӣ тақдим доштанд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ин рӯз аз ҳоли собиқадорони арсаи меҳнат ва ашхоси камбизоат Абдуллоҷон Иброҳимов, Қурбонҷон Иброҳимова Тӯхтабой, Бобохӯҷаев ва Одилҷон Дадобоев бохабар гардида, эшонро айёдат намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки ҳаёту фаъолияти шахсони барӯманд, солдида, соҳибтаҷриба барои насли ҷавон намунаи ибрат аст ва эшон дар пайравӣ ба собиқадорон барои ободонии Ватани соҳибистиқлол кӯшиш хоҳанд кард. Ашхоси камбизоат ҳамеша дар мадди назари сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.Айёдати онҳо аз вазифаи муҳими роҳбарони шаҳру вилоят арзёбӣ мегардад.

Абдуллоҷон Иброҳимов ва Қурбонҷон Иброҳимова, ки солҳои зиёд дар соҳаи маориф заҳмат кашида меоянд ва аз ин таваҷҷуҳу самимият фараҳманд гардида, ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён карда, шукронаи амнияту оромии давлатро намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд