(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altЯкшанбеи ҳафтаи сипаришуда бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷабой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо мақсади оғоз бахшидан ба мавсими нави ниҳолшинонӣ дар кӯчаи ба номи Саиднофеъ Саидвалиеви маҳаллаи Чашмаи Арзанаи шаҳр иқдом гирифта шуд ва дар ин рӯз бо ҷалби ҳашарчиён беш аз 200 адад ниҳолҳои ороишии навъи Ардач шинонида шуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷабой Аҳмадзода дар канори роҳ аввалин ниҳолҳои ҳамешасабзро нишонида, таъкид дошт, ки баҳри нигоҳубини ин ниҳолҳо ва чароғоннамоии кӯча чораву тадбирҳои доимӣ андешида шавад.

Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки ин тадбир дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» пиёда мегардад. Ҳамарӯза тариқи шаҳри бостонии Хуҷанд аз 7 вилоятҳои ҷумҳурии Ӯзбекистон беш аз 1000 нафар сайёҳон ворид шуда, ба гӯшаву канори кишвар мераванд. Аз ин лиҳоз шаҳри Хуҷанд, дар баробари маркази маъмурии вилояти Суғд будан, ҳамзамон намунаи олии шаҳрдорӣ ва ҷолибтарин маркази сайёҳӣ дар минтақа бошад.

Роҳбари вилоят ҳамзамон ҷиҳати идомаи корҳои роҳсозӣ ва пайвастани шоҳроҳи болоии маҳаллаи Чашмаи Арзана бо микроноҳияи 3-и шаҳри Хуҷанд дастуру супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки тақвияти тадбирҳои ободонӣ ва ҷалби мардум ба корҳои созандагӣ аз ҳадафҳои ҳамарӯзаи шаҳрдорӣ бошад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд