(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ҷиҳати пешгирии воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ғайристандартӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон аз ҷониби Маркази назорати давлатии санитарӣ ва эпидемологиии шаҳри Хуҷанд тадбирҳои таъхирнопазир андешида шуда истодааст.

Бо ин ҳадаф дар толори Маркази назорати давлатии санитарӣ ва эпидемологиии шаҳри Хуҷанд мулоқоти роҳбарияти Марказ бо соҳибкороне, ки ба хариду фурӯш ва истеҳсоли маводи қаннодии кремдор ва шириниҳо машғуланд баргузор гардид.

Султон Раҳмонзода, сардори Маркази назорати давлатии санитарӣ ва эпидемологиии шаҳри Хуҷанд зимни баромади худ аз ҷумла таъкид дошт, ки бо баробарии фарорасии Соли нави мелодӣ талабот ба ширинию маҳсулотҳои қаннодӣ ва дигар анвои хӯрокаи болаззат афзун гардида, гуруҳе аз соҳибкорон бо истифода аз имконият молҳои куҳнаи ба фурӯш нарафтаи хешро ба савдо мемонанд ки ба сиҳатии омма таъсири зиёд мерасонад. Аз ин лиҳоз талаб карда мешавад, ки дар ин самт масъулияти ҷиддиро ба роҳ монанд.

Таъкид гардид, ки ҷиҳати пешгирии воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ба саломатӣ зараровар Маркази назорати давлатии санитарӣ ва эпидемологии шаҳри Хуҷанд доир ба риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» чораҳои таъхирнопазир меандешад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳри Хуҷанд 149 адад сехҳои истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ фаъол буда, аз миёни онҳо 22 ададашон ба истеҳсоли маҳсулоти қаннодии кремдор машғуланд. Дар ин сехҳо беш аз 700 нафар кормандон фаъолият доранд, ки мутобиқи талаботи қонунгузорӣ бояд аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаранд. Дар натиҷаи як санҷиш бо ҷалби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 6 нафар кормандони ширкатҳои истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ ҷаримабандӣ гардиданд. Аз 140 обшустҳо барои дарёфти микроби чӯбшакли рӯдаю меъда гирифташуда, 18 ададашон ба талабот ҷавобгӯ набуданд. Боиси нигаронӣ аст, ки сехҳои қаннодии «Шаҳди Суғд», «Светлана», «Колобок», «Маҳина», «Анис» ва «Толибҷон» мувофиқи маълумоти ташхисгоҳи бактеорологӣ аз ташхис нагузаштанд. Дар соли ҷорӣ аз тарафи Маркази назорати давлатии саниарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд аз бозорҳо, марказҳои савдо ва мағозаҳои шаҳр беш аз 4 719 кило маҳсулоти қаннодии шубҳанок ва гузаштани муҳлати истеъмолошан аз муомилот гирифта шуданд.

Раҳмон Муҳаммадиев, муовини сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд зимни баромади худ аз ҷумла таъкид дошт, ки тадбирҳои беҳдоштии марказ пеш аз ҳама баҳри пешгирии бемориҳои сироятӣ амалӣ карда мешавад.

Дар нишаст ҳамзамон роҳҳои тавсеаи бештари ҳамкории мутақобилан судманди сохтори салоҳиятдор бо соҳибкорон дар самти ҷилавгирӣ аз воридот ва фурӯши молу маҳсулоти пастсифати ғизоӣ матраҳ гардид.

Ҳамзамон ба иштирокдорони чорабинӣ Дастурамал оид ба тарзи тайёр, нигоҳдошт, интиқоли маводи қаннодии кремдор ба тариқи ройгон тақсим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд