(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар муассисаи давлатии «Кохи фарҳангии Суғдиён» бо иштироки муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Аюбҷон Раҳматзода, мудирони шуъбаю бахшҳо ва ҳунармандон озмуни шаҳрии «Истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ ва армуғони беҳтарин барои сайёҳон» баргузор ва ғолибон муайян гардиданд.

Дар озмун беш аз 20 нафар довталабон маҳсулоти дастии худро, аз қабили армуғонҳо, кордҳо, маҳсулоти мўҳрабофӣ, қолинбофӣ, дӯзандагӣ ва рассомӣ ба маърази намоиш гузоштанд.

Ҳайати ҳакамон баъди боздид озмунро ҷамъбаст намуданд. Ҳамин тавр, ҷои якум ба ҳунарманд Мавҷуда Ҳакимова, мақоми дуюм ба ҳунарманд Матлуба Ниёзова ва зинаи сеюм ба рассом Холиқ Давлатов дода шуда, эшон мутаносибан бо дипломи дараҷаҳои 1,2,3 ва туҳфаҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Таъкид гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд минбаъд низ барои рушд додани соҳаи сайёҳӣ ва таҳкими инфрасохтори он аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳад бурд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки озмуни мазкур ҷиҳати таъмини иҷрои иқдоми некбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 15 феврали соли 2019, №72, қарори Раиси шаҳр аз 06 майи соли 2019, №328 «Дар бораи гузаронидани озмуни шаҳрӣ дар байни ҳунармандон оид ба истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ ва армуғони беҳтарин барои сайёҳон» рӯйи кор омадааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд