(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар МТМУ №27-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони шуъбаи маориф ва муовинони директор оид ба корҳои тарбиявии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр машварати доимоамалкунандаи самти тарбия баргузор гардид.

Дар машварат мавзуъи «Тарзи гузаронидани чорабиниҳои беруназсинфӣ ва аҳамияти онҳо дар рушди ҷаҳонбинию ахлоқии хонандагон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Таъкид шуд, ки агар дарс дар раванди таълиму тарбия қисми асосӣ ба шумор равад, корҳои беруназсинфӣ қисми иловагии он мебошад. Ба воситаи корҳои беруназсинфӣ муаллим метавонад, шавқу завқи хонандагонро бедор кунад, донишашонро амиқу мукаммал ва ҷаҳонбинии онҳоро васеъ гардонад, ҳамзамон қобляти фикриашро теонад. Бояд қайд намуд, ки дар рафти корҳои беруназсинфӣ доираи дониши хонандагон ташаккул меёбад. Ба воситаи он мо хонандагонро ба дӯст доштани табиат, қадр кардани меҳнати калонсолону ҳамсолон ва дар рӯҳияи ҳамфикриву сарҷамъӣ тарбия мекунем.

Сипас, тибқи барномаи машварат муовинони директор оид ба корҳои тарбиявии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр дар машғулиятҳои тарбиявии омӯзгорони МТМУ №27 ширкат намуданд. Машғулиятҳои тарбиявӣ дар мавзуъҳои «Мо пайравони Пешвои миллатем», «Об –неъмати бебахо», «Касби манн-ифтихори манн», «Рисолати фарзанд дар назди волидайн», «Нашъамандӣ-вабои аср», «Хеҷ ганҷе беҳтар аз ҳунар нест» ва ғайра иштирок намуда, онро таҳлилу баррасӣ намуданд.

Чорабинии илмӣ-адабӣ бахшида ба эълон гардидани 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» таҳти унвони «Аз ҳунар хирвори зар дарёфтам» бо иштироки хонандагон МТМУ №27 ба машварати доимии муовинони директор оид ба корҳои тарбиявии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр ҳусни анҷом бахшид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд