(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар ин бора Қарори раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба имзо расид. Тибқи ин қарор раёсати омори шаҳри Хуҷанд вазифадор гардидааст, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор барои дар муҳлатҳои муайягардида гузаронидан, коркард, ҷамъбаст ва таҳлили натиҷаҳои барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар шаҳри Хуҷанд тадбирҳои таъхирнопазир андешанд. Инчунин сохторҳои дахлдор, ки дар сатҳи баланд ташкил намудан ва гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар шаҳр тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 дар мудати 15 рўз идома меёбад. Пурсишҳо бо се тарз - яъне пур кардани варақаҳои барўйхатгирӣ бо истифода аз сомонаи интернетӣ, истифодда аз планшет дар ҳамаи маҳалҳои шаҳрии ҳудуди ҷумҳурӣ ва усули анъанавии пур кардани саволномаҳо дар варақаҳо дар маҳалҳои шаҳр сурат мегирад.

Дар маъракаи барўйхатгирии аҳолӣ ҳамаи сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон, нафарони бешаҳрвандӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ, ки замони баргузории барўйхатгирии аҳолӣ дар Тоҷикистон муваққатан ҳастанд, шаҳрвандоне, ки муваққатан ҷумҳуриро тарк кардаанд, иштирок менамоянд.

Чунин маърака дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар даҳ сол як маротиба гузаронида мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ новобаста аз вазъи сиёсӣ ва иқтисодӣ бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои маллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2000-ум бори аввал барўйхатгирии аҳолӣ, соли 2010 барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида шудааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд