(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори театри Хоҷа Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ба ифтихори 25- солагии таъсисёбии ҲХДТ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода кулли аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандро ба муносибати 25 - солагии таъсисёбии ин ташкилоти бонуфуз табрику муборакбод намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки воқеан ҳам, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки зодаи даврони Истиқлолият аст, дар давоми мавҷудияташ ҳамеша барои муттаҳидию ҳамбастагии мардум кӯшиш ба харҷ дода, дар ин самт ба комёбиҳои назаррас ноил гардид.

Ин ҳизби воқеaн мардумӣ бо тaлош вa ҳидоятҳои созaндaи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 сол қaбл aрзи ҳaстӣ нaмудa, тaвонист чун ҳизби нуфузпайдокарда ва татбиқкунандаи идеяи миллӣ бaрои пешрaфт вa шукуфоии кишвaри aзизa-мон хизмaти шоиста кунaд. Мақому манзалат ва шуҳрати намоёни ҲХДТ қаблан аз барномаҳои созанда, тадбирҳои судманди кулли аъзо ва ибтикороти роҳбарияти он маншаъ гирифта, беҳбудии сатҳу сифати зиндагии сокинони мам-лакатро рисолати худ донист. Омили асосии дар як мудати кӯтоҳ дар ҷомеа нуфуз пайдо кардан ва ба пешрафт ноил гаштани ҳизби мо дар он аст, ки он манфиатҳои ҳамаи қишр-ҳои ҷомеаро ҳимоя меку-над ва барои бароварда сохтани ормонҳои онҳо талош меварзад.

Таъкид гардид, ки агар ба таърихи таъсисёбии ин ҳизби пешоҳанги мардумӣ назар афканем, пайдост, ки марҳилаҳои душвори тайкардааш дар роҳи давлатсозии миллиамон бо дастоварду натиҷаҳои намоён баҳогузорӣ мешавад. Амалӣ шудани ҳадафи барномавии ҳизбро мо дар иқдомоти ҳамарӯзаи Ҳукумати мамлакат, дар мисоли сохтмони мактабу шифохонаҳо, роҳу нақбҳо, нерӯгоҳҳо ва дигар иншооти инфрасохторӣ, дар муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ ва дар амри дастгирии пайвастаи табақаҳои камбизоати аҳолӣ – ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмонда ва оилаҳои камбизоат мебинем.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд яке аз калонтарин ташкилоти ҳизбӣ дар миқёси кишвар маҳсуб шуда, дар баланд бардоштани маънавиёт, эҳсоси худшиносии миллӣ, нақш ва мақоми бонувон ва ҷавонон дар ҷомеа, тарғиби тарзи ҳаёти солим саҳми шоиста дорад. Ин қувваи бузург, ки сиёсати давлатии кишварро дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ муаррифӣ мекунад, дар ҳама чорабиниҳои шаҳр фаъол аст. Махсусан, аёдати собиқадорони меҳнат, шахсони яккаву барҷомонда, ятимону бесаробмондагон дар якҷоягӣ хуб ба роҳ монда шуда, ҳамчунин ҳамагуна ҷашну маросимҳо дар ҳамбастагӣ доир карда мешавад. Мақомоти иҷроия дар ташвиқу тарғиби ҳадафҳои стратегӣ такя ба аъзоёни ҳизб мекунад. Зеро 698 нафар аъзоёни ҳизб соҳиби унвони илмӣ буда, 74 нафарро докторону профессорон, 624 нафарро номзадҳои илм ташкил медиҳанд.

Зикр гардид, ки тадбирҳои созандаи кумиҷроия боиси афзу-дани обрӯи шаҳри Хуҷанд дар миқёси мамлакат мегардад. Кумиҷроияи шаҳрӣ яке аз аввалин ташкилотҳои ҳизбиест, ки бо ҷамъи аъзои фаъол, аз ҷумла, собиқадорон, адибону рӯзноманигорон, сарояндагону ҷавонон аз ҷараёни сохтмони нерӯгоҳи барқии обии “Роғун”, ки ҲХДТ сарпарасти маънавии он маҳсуб мешавад, дидан намуданд. Ҳамзамон аз буду боши аскарону афсарони қисми низомии шаҳри Роғун, ки дар он фарзандони далеру шуҷои хуҷандӣ низ хизмат мекунанд, ошноӣ пайдо карданд. Ин тадбир миёни дигар кумиҷроияҳои шаҳру навоҳии мамлакат хуш истиқбол гирифта шуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар анҷоми суханронии худ, таъкид дошт, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни фархундаи 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ватанамон таҷлил гардидани 25- солагии ҲХДТ руҳияи идонаи аъзоён ва алоқамандони ҳизби моро дучандон баланд мебардорад. Боиси қайд аст, ки дар раванди бунёдкорию созандагӣ ҳизбиёни мо ба аҳли ҷомеа аз ҳар ҷиҳат намунаи ибрат шуда истодаанд.

Изҳори умедворӣ карда шуд, ки аъзоён ва алоқамандони ҲХДТ амалҳои неки худро дар ҷамъият идома дода, тариқи барномаҳои ҳизб ояндаи дурахшони наслҳоро таъмин хоҳанд кард.

Дар чорабини Раиси Кумитаи вилоятии ҲХДТ Матлубахон Амонзода ва Раиси Кумитаи шаҳрии ҲХДТ Наим Маликиксломӣ баромад ва аъзои ҳизбро бо 25-умин таъсисёбиаш табрику таҳният гуфтанд.

Ба як қатор пешсафони ҳизбӣ Сипосномаҳо тақдим карда шуданд.

Барномаи фарҳангӣ ба чорабинӣ ҳусни дигар бахшид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд