(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини назорати бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ, оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, таъмин намудани солимии аҳолӣ, пешгирии бемориҳои гуногуни сироятӣ аз ҷониби Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд пайваста тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.

Дар партовгоҳи шаҳри Хуҷанд аз ҷониби сохторҳои Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд беш аз 35 тонна маҳсулоти доруворӣ, хӯрока, ширинӣ, шустушӯйии пастсифат ва муҳлаташ гузаштаю ба талаботи меъёрҳои беҳдоштӣ ҷавобгӯй набуда, нобуд карда шуданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки аз ҷониби кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд давоми ду моҳи охир 1094 кило маводҳои хӯрока, 2400 кило маводҳои шустушӯйӣ аз анборхонаву марказҳои тиҷоратӣ дарёфт карда шуданд.

Бояд қайд намуд, ки ин маҳсулот асосан ба воситаи қочоқ ба қаламрави кишвар ворид гардида, дар натиҷаи бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ аз ҷониби соҳибкорон ва ширкатҳо ихтиёран ба Маркази назорати давлатии санитарию эпидеологии шаҳри Хуҷанд бо мақсади маҳвнамоӣ супорида шудааст.

Қобили қайд аст, ки дар давоми 11 моҳи соли равон аз ҷониби Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд беш аз 24 ҳазор киллограмм маводҳои хӯрокаи пастисифат ва муҳлати истифодаашон гузашта аз марказҳои савдо ва нигоҳдошти молу маҳсулот мусодира карда шуданд.

Ин ҳама маҳсулоти пастсифатро баъди хулосаи судӣ ва мақомоти дахлдор бо таҳияи санадҳои лозимӣ дар минтақаи партовҷамъкунии шаҳри Хуҷанд бо роҳи сӯзонидан несту нобуд намуданд.

Ширкатҳои воридкунандаи маҳсулот ва фурӯшандагон бояд саломатии миллатро, ки онро боигарии асосии давлат меноманд, аз ҳар гуна манфиат болотар донанд ва аз ворид намудани чунин маводи пастсифат ва фурӯши он худдорӣ намоянд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд