(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБахшида ба Рузи байналмилалии волонтерон бо ташаббуси Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар муассисаи таълимии миёнаи умумии № 23 шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ бо хонандагони синфҳои болоӣ доир гардид. Дар вохӯрӣ сардори шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд Азиз Дӯсматов, намояндагони ҷамъият, волонтерон, сармутахассиси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, омӯзгорон ва хонандагон иштирок доштанд.

Дилрабо Шукурова ҳамоҳангсози лоиҳаи “Ташаббусҳо барои рушди ҷавонон”, ки аз тарафи Салиби Сурхи Итолиё дастгирӣ карда мешавад, бо муаррифинома оид ба таърихи ташкилёбии ин ҷамъият ва самтҳои фаъолияти волонтерон, махсусан саҳми онҳо дар ташкил ва гузаронидани аксияҳои экологӣ, аз партов тоза намудани соҳили дарё ва гузаронидани корҳои фаҳмонидадиҳӣ доир ба тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист баромад намуд. Рафти вохӯрӣ волонтерон ба хонандагон варақаҳои иттилоотӣ тақсим намуданд.

Дар интиҳои чорабинӣ аз тарафи сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд Азиз Дӯсматов ба намояндагони Ҷамъияти мазкур барои гузоштани саҳми арзанда дар беҳдошти муҳити зист, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои экологӣ ва бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтерон сипоснома тақдим гардид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд