(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз раванди бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор ва яхдон дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд аз наздик шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд аз ҷониби кооперативи тиҷоратии «Имран Суғд» бо маблағҳои сармояи мустақим корхонаи саноатии истеҳсоли таҷҳизоти ҳавокашӣ, кондитсионер, телевизор ва дигар таҷҳизоти маишӣ истеҳсол карда мешаванд. Маҳсулоти пурра дар корхона истеҳсол шуда, бо тамғаи ватанӣ ба фурӯш бароварда мешавад.

Ҳамзамон дар канори дигар ин мавзеъ сохтмони сардхона ва амборхона бомаром идома дорад, ки аз нигоҳи ҳаҷм ва технология назираш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нест.

Алҳол дар иншооти бунёдшаванда беш аз 60 нафар сохтмончиён фаъолият доранд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти кооператив ҷиҳати босифат анҷом додани корҳо ва суръатбахшии он дастуру супоришҳои мушаххас дод. Таъкид шуд, ки ин тадбир бо дастгирии соҳибкорони ватандӯст барои истеҳсоли молҳои воридотивазкунанда амалӣ гардида, қадами устувор дар самти саноатикунонии босуръати кишвар мебошад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки барои фароҳам овардани шароити мусоид доир ба амалӣ гардидани ташаббусҳои соҳибкорони ватанӣ бо иқдоми роҳбарияти шаҳри Хуҷанд дар минтақаи шимолу шарқии шаҳр минтақаи нави саноатӣ дар майдони 49,2 га. таъсис гардида, то санаи 1 декабри соли 2019 ба 21 нафар соҳибкорони ватанӣ қитъаҳои замин барои сохтмони коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ҷудо карда шудааст, ба 23 нафар хулосаи меъмор оид ба лоиҳакашӣ дода шудааст. Қайд намудан зарур аст, ки тибқи нақшаи муфассали ин минтақа дар ин минтақа ҷой додани 49 адад субъектҳои соҳибкории истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд