(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Раиси шаҳри Хуҷанд аз корхонаҳои саноатии бунёдшаванда дидан намуд.Яке аз нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ин дастгирӣ ва рушди соҳибкорони маҳаллӣ маҳсуб меёбад.
Бо назардошти ин дар шаҳри Хуҷанд то интиҳои сол ба фаъолият оғоз намудани 20 корхонаҳои саноатӣ пешбинӣ шудааст.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода имрӯз аз ду корхонаи саноатӣ - ҶДММ «Таҷпет» ва ҶДММ «Нанотехнология» дидан намуд.
ҶДММ «Таҷпет» барои коркарди зарфҳои пластики истифодашуда ва истеҳсоли зарраҳои пластикӣ, ки аз он нахи сунъӣ омода карда мешавад, пешбинӣ шудааст. Ҳоло таҷхизоти муосир насб карда шуда, ба таври озмоишӣ аввалин зарраҳои пластикӣ мавриди санҷиш қарор доранд. Бо мақсади зиёд намудани ҳаҷм ва ҷавобгӯ будани сифати ин намуди маҳсулот ба талаботи имрӯза, дар коргоҳ мутахассисони туркӣ бо кормандони маҳаллӣ якҷоя фаъолият бурда истодаанд. Дар сурати ба иқтидори пурра шӯрӯъ намудани коргоҳи мазкур, имкон пайдо мешавад, то 20 тонна ашёи хоми нахи сунъӣ истеҳсол гардад. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дастур дод, ки корҳои омодагиро вусъат дода, дар арафаи таҷлили иди Ваҳдати миллӣ фаъолияти мукаммали коргоҳ ба роҳ монда шавад. Айни замон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят барои таъмини саривақтии корхона бо зарфҳои пластикӣ, нуқтаҳои қабули он амал менамояд.
Сипас Раиси шаҳри Хуҷанд ба коргоҳи «Нанотехнология» омад. Коргоҳи мазкур бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд соли равон таъсис ёфта, барои истеҳсоли 4 намуди маҳсулоти сохтмонӣ, аз қабили дару тиреза, хиштҳои дорои ҳаҷми гуногун, болопӯшу девораҳои оҳану бетонӣ ва ғайра пешбинӣ шудааст. Барои оғози фаъолияти коргоҳ 5 миллион сомонӣ маблағ сарф шуда, он дар якҷоягӣ бо мутахассисони Ҷумҳурии Туркия бунёд ёфтааст.
Баробари ба кор оғоз намудан, 100 нафар бо ҷойи кор таъмин шуда соҳиби маоши доимӣ хоҳанд шуд. Корхона дар масоҳати 0.90 га замин ҷойгир шуда, оғози фаъолияти он дар рӯзҳои таҷлили иди Ваҳдати миллӣ ба нақша гирифта шудааст.
«Мувофиқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирию рушди соҳибкорӣ ва баланд бардоштани сатҳи истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ мақомоти маҳаллӣ бояд тамоми шароиту имкониятҳои мавҷударо фароҳам оранд. Бинобар он, Раиси вилояти Суғд мӯхтарам Абдураҳмон Қодирӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки соҳибкори ватанӣ барои фаъолияти самаранок ҳавасманд бошад. Вазифаи аввалиндараҷаи худро мо маҳз дар ҳамин мебинем»-қайд намуд Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар сӯҳбат бо соҳибкорон.