(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altЧун анъана, дар маркази шаҳри Хуҷанд, рӯбарӯйи маркази савдои «Авасто» то 10 уми декабри соли ҷорӣ арчаи Соли навӣ ба андозаи 20 метр бо паҳноии 9 метр қомат афрохта мешавад, баъди 15-уми декабри соли равон чорабиниҳои солинавӣ дар ин майдон оғоз хоҳанд ёфт.

Алҳол дар ин майдон корҳои насби Арчаи солинавӣ бомаром идома дорад ва эҳтимол аст, ки нисбати соли гузашта бархе чароғоннамоии Арчаи солинавӣ ва ҳудуди майдони он таъғирот ворид карда шавад.

Бояд қайд намуд, дар ин майдон аз тарафи мактаб ва литсейҳои шаҳри Хуҷанд фестивал – озмуни барномаи солинавӣ аз санаи 15.12.2019 то 20.12.2019. ба маърази тамошо гузошта мешавад. Аз санаҳои 20-30 декабри соли равон коллеҷҳои санъати ба номи Содирхон Ҳофиз, тиббии ба номи Юсуфхон Исҳоқӣ ва омӯзгории шаҳри Хуҷанд, ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ДИСДДТТ, ДПДТТ ба номи Муҳаммад Осимӣ ва ДДҲБСТ дар фестивал-озмуни барномаи солинавӣ, ки дар байни донишҷӯёни донишгоҳҳо ва коллеҷҳои шаҳри Хуҷанд сурат мегирад баромад менамоянд. Дар рӯзҳои номбурда, муассисаҳои фарҳангии шаҳр, аз ҷумла театри давлатии мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Муассисаи давлатии «Кохи фарҳанг ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавони ба номи Одилҷон Назаров, Муасссиаи давлатии «Кохи фарҳанги Суғдиён» ансамбли фолклории «Фалак», ансамбли шашмақомхонони «Нури Хуҷанд», то соати 16:00 барномаҳои консертии солинавии хешро ба намоиш мегузоранд.

Роҳбарияти шаҳри Хучанд тасмим гирифтааст, ки баҳри болидарӯҳии шаҳрвандон барномаи рангини солинавиро ба сифати галаконсерт дар шоми 31.12.2019 пешкаши сокинон гардонад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд