(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар микроноҳияи 3-юми маҳаллаи Термурмалики шаҳр боз як майдончаи варзишӣ ва макони бозии кўдакон расман ба истифода дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки масоҳати умумии иншооти мазкур зиёда аз 2000 метри мураббаъ буда, он аз майдончаи варзишии бозии футбол ва макони бозии кӯдакон иборат аст. Сохтмони иншоот бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Хуҷанд, аз ҷониби ҶДММ «Юсуф 2016» дар муҳлати муқарраргардида ва бо сифати баланд ба анҷом расонида шудааст.

Бо мақсади таъмини шароити мусоиди сайру гашт ва истироҳати сокинон, бахусус наврасону ҷавонон ва зебо гардонидани намуди зоҳирии ин мавзеъ дар як қисмати майдончаи варзишӣ 1 адад айвонча аз конструксияҳои оҳанин насб карда шуда, 6 адад нишастгоҳҳои замонавӣ гузошта шуда, 5 адад таҷҳизоти бозии кӯдакон насб гардидааст. Ҳамзамон роҳравҳои ҳудуди майдончаи варзишӣ ва бозиҳои кӯдакон сангфарш гардидааст.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни мулоқот бо сокинони маҳаллаи мазкур зикр дошт, ки ин ҳама ободкориҳо бо дастгирии Асосгузору сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯйи кор омада, аз насли ояндасози кишвар ва истиқоматкунандагони маҳалла даъват ба амал оварданд, ки аз чунин имкониятҳои мусоид васеъ истифода намоянд, то ҳама намуди варзиш, аз ҷумла футбол дар шаҳр рушди ҳамаҷониба пайдо намояд.

Қобили тазаккур аст, ки дар микроноҳияи 3-юми шаҳри Хуҷанд беш аз 2300 нафар сокинон зиндагӣ дошта, як адад кӯдакистон ва як мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии беш аз 750 нафар кӯдакон наврасон амал менамоянд.

Бошандагони ин микроноҳия аз бунёди майдончаи варзишӣ ва макони бозии кўдакон истикболи гарм намуда, миннатдории хешро ба Давлату Ҳукумати мамлакат баён доштанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд