(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд семинари омўзишӣ роҷеъ ба интихоботи навбатии аъзои Маҷлиси миллӣ, Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вакилони Маҷлисҳои халқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид.

Маъруф Муҳаммадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд семинарро оғоз бахшида, аз ҷумла таъкид дошт, ки тибқи меъёрҳои Конститутсия интихоботи Вакилони Маҷлиси намояндагон ва Вакилони Маҷлисҳои халқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба таври умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ сурат гирифта, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнашон то рўзи интихобот ба 18 расидааст, қатъӣ назар аз мансубияташон ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва дороии молу мулк ҳуқуқи интихоб карданро доранд.

Таъкид шуд, ки интихобот ҳамчун раванди сиёсӣ яке аз талаботи сохти давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи давлат мебошад. Имрўз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр дорои ҳамаи рукнҳои давлатдории сохти демократӣ буда, он аз рўи принсипҳои интихоботӣ фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

Сипас, Зайниддин Соҳибов, коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдурашид Абдуазизиён, сармутахасиси Раёсати адлияи вилояти Суғд, Абдулло Мансурзод, сармутахассиси шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар мавзуъҳои: “Омилҳо ва роҳҳои фаъолгардонии занон дар ҳаёти сиёсии ҷомеа”, “Ҳуқуқи интихоботӣ василаи таъмини баробарии гендерӣ” ва “Нақши занон дар идоракунии давлатӣ” маърӯзаҳо намуданд.

Таъкид гардид, ки ҳар як давлат пеш аз ҳама ҳамон вақт тараққӣ ва пешрафта мегардад, ки дар он волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ таъмин бошад. Зеро қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ омили асосӣ ва зарурии суботу оромии ҷомеа ва дар ин замина пешрафту созандагии он аст ва барои ноил шудан ба ин мақсад пеш аз ҳама зарур аст, ки эҳтиром, риоя ва иҷрои ҳатмии Конститутсия ва қонунҳо ба ҳукми ниёзмандии ҳамарўзаи шаҳрвандон ворид гардад.

Зикр шуд, ки ба шарофати Истиқлолият мавқеи занон дар Тоҷикистон ба маротиб боло бардошта шуд. Истиқлолият ба зани тоҷик соҳибдавлатӣ ва ватандорӣ эҳдо намуда, аз ӯ талаб сохт, то фаъолона ба маҷрои созандагии кишвар ворид гардад, хушбахтии хеш ва фарзандонашро бо дасти худ бисозад. Эҳсоси ватандорию ифтихори миллии худро соҳиб бошад, нишон диҳад, ки дар масъулиятшиносӣ ӯ аз мардон кам нест.

Мулоқот бо суолу ҷавоб ва пешниҳодоти судманд анҷом пазируфт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд