(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо мақсади огоҳӣ аз вазъи нархи маҳсулоти ниёзи аввалия ва шиносоӣ бо раванди корҳои ободонӣ дар ҳудуди бозори марказии «Панҷшанбе» аз ин маркази бузурги савдои вилоят ва бозорҳои атрофи он боздид намуданд.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо фурӯши маҳсулоти гуногун, пеш аз ҳама таваҷҷуҳ ба нархи он намуда, аз масъулини дахлдор даъват ба амал овард, ки дар остонаи Соли нави мелодӣ нархҳо танзим ва то ба қадри имкон поён оварда шавад. Роҳбари вилоят дастур дод, ки бо ташкили дӯконҳои фурӯши гӯшт аз ҷониби Ҷамъияти иттифоқи «Тоҷикматлубот»-и вилоят ва дигар сохторҳои дахлдори вилоят, ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо хоҷагиҳои кишоварзию чорводорӣ ба арзиши он таъсиргузорӣ намоянд, то ин ки ба мардум дастрас гардад.

Таъкид шуд, ки фаровоннамоии маҳсулоти бозор дар остонаи Соли нави мелодӣ тибқи дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, ҳадаф пеш аз ҳама дастраснамоии нархҳои маҳсулоти ниёзи аввалия аст.

Ҳамзамон таъкид шуд, ки бояд нархи фурӯши маҳсулот дар охири сол 20-30 фисад арзон карда шавад. Раиси вилояти Суғд аз растаи нонфурӯшон, биринҷфурӯшон, мевафурӯшон ва дигар маҳсулоти донагӣ боздид намуда, ба масъулини дастур дод, ки барои зиёд намудани маҳсулоти навъи аълои бозоргир тадбирҳо андешанд.

Таъкид шуд, ки ҳама намуди маҳсулоти ниёзи аввалия дар вилоят истеҳсол карда мешавад ва дар фаровонии бозор ва поён бурдани нархҳои сунъӣ имконияти зиёд вуҷуд дорад.

Зимни суҳбат бо фурӯшандагони бозори «Панҷшанбе» Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз тадбирҳои муҳими Ҳукумати мамлакат ва роҳбарияти вилоят дар самти таъмин амнияти озукаворӣ маълумот дода, даъват ба амал овард, ки барои афзун намудани маҳсулот ва поён фаровардани нархи сунъии он саъй намоянд.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон аз вазъи нархи картошка, сабзӣ, пиёз, шалғам ва ғайраҳо низ ошно гардид.

Дар фароварди боздиди худ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз бозори марказии «Панҷшанбе» ба суръатбахшии раванди корҳои ободонӣ, бахусус эҳё намудани симои қаблии бозори машҳури вилоят бо санъати меъмории миллӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Таъкид шуд, ки ба ҳолати санитарию эпидемологии бозор диққати авалиндараҷа дода шуда, аз сохтмонҳои ғайриқонунӣ ва вайрон гардидани сохти меъмории бозор ҷилавгирӣ карда шавад. Бозор-оинаи шаҳр, маконест, ки ҳамарӯза 100 нафар сайёҳои хориҷӣ аз он боздид намуда, ба фарҳангу иҷтимоиёти мо баҳо хоҳанд дод.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон аз фаъолияти бозорҳои «Бадри мунир» ва «Шарқ» аз наздик шинос шуда, ба сохторҳои дахлдор ва роҳбарияти бозорҳо ҷиҳати ҳолати санитарию эпидемологии бозор ва пешгирии сохтмонҳои ғайриқонӣ супоришҳои мушаххас дод.

Раҷаббой Аҳмадзода аз раванди бунёди гузаргоҳи зеризаминии кӯчаи Шарқи мавзеъи бозори марказии "Панҷшанбе" шиносоӣ намуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар ин гузаргоҳи зеризаминӣ корҳо вусъат бахшида шуда, дар се баст беш аз 60 нафар сохтмончиён кору фаъолият доранд.

Гузаргоҳи зеризаминӣ бо паҳноии 18 метру дарозии 260 метр бунёд шуда, дар он сохтмони беш аз 70 нуқтаи савдо пешбинӣ гардидааст. Интизор меравад, ки то оғози моҳи марти соли 2020 иншоот ба анҷом мепазирад. Гузаргоҳи зеризаминӣ дарозтарин гузаргоҳ дар қаламрави Тоҷикистон муайян гардида, бо хусусиятҳои хос, аз ҷумла бо мӯриҳои ҳавокаш ва дигар хатҳои коммуникатсионӣ пурра таҷҳизонида шудааст. Раиси вилояти Суғд ба масъулини сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ дастур дод, ки ҷиҳати саривақт ва бо сифати баланд анҷом додани корҳо тадбирҳо андешанд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба суръатббахшии корҳо дар қисмати асосии бунёди гузаргоҳи зеризаминӣ дода шуд.

Таъкид шуд, ки ҳар чӣ зудтар барои равуои бемайлони мардум шароит муҳайё карда шавад. Ҳамзамон ҷиҳати мумфаршкунии пурраи кӯчаи Шарқ, чароғоннамоӣ ду қадди роҳ бо усули муосир, сохтмони ҷӯйбор ва девораҳои қадди роҳ тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки иншооти бунёдшаванда хусусияти иҷтимоӣ дошта, барои дастрасии мардум бо ҷойи кории доимии беш аз 200 адад ва рушди соҳибкорӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, баҳри таъмини зиндагии шоиста ба мардум нигаронида шудааст.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ аз бозори «Афросиёб» ба нарху навои маводи ниёзи аввалия, аз ҷумла гӯшту тухм, равған ва маҳсулоти донагӣ таваҷҷуҳ гардида, аз роҳбарияти бозор даъват ба амал оварда шуд, ки барои ҷойгир намудани деҳқонон ва шароити созгор ба соҳибкорон тадбирҳо андеида шавад.

Зимни шиносоӣ бо ҳолати канори роҳи хиёбони Исмоили Сомонӣ ҳудуди истгоҳи Гулбаҳор ва дорухонаи марказӣ таваҷҷуҳи роҳбаритяи шаҳр ва масъулини дахлдорро ба ободонии он ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд