(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Кохи "Суғдиён"-и шаҳри Хуҷанд Ҳамоиши гирандагони стипендияҳои Президентӣ таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат” бо иштироки васеи гирандагони стипендияҳои Президентӣ доир гардид.

Дар кори ҳамоиш раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода Рустам ва муовини раиси вилояти Суғд Баҳоваддин Баҳодурзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш зимни баромади хеш иброз дошт, ки сиёсати давлатии кор бо ҷавонон дар меҳвари сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои татбиқи босамари сиёсати давлатии кор бо ҷавонон мо вазифадор ҳастем.

Таъсис ёфтани стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои наврасону ҷавонон намунаи олии таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат нисбат ба насли ояндасози кишвар буда, барои ҳавасманд намудани насли ҷавон ҷиҳати ба таҳсилоти муносиб фаро гирифтани онҳо ва ташаккул додани маҳорат ва малакаю истеъдоди онҳо мусоидат менамояд.

Муовини раиси вилояти Суғд Баҳодурзода Баҳоваддин қайд намуд, ки иқдомҳои наҷиб ва ғамхоронаи Пешвои муаззами миллат нисбат ба насли наврасу ҷавон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар бараъло эҳсос гардида, ба хотири рӯҳбаланд намудани наврасону ҷавонон ва бо мақсади таъмини таҳсилоти муносиби ҷавонон як қатор имтиёзҳо, аз ҷумла стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки бо баҳои аъло таҳсил ва дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамоянд, таъсис дода шудааст.

Таъкид гардид, ки Пешвои миллат мунтазам дар суханронии худ нақши арзишманди ҷавононро дар бунёди ҷомеаи имрӯза баён дошта, онро чун қувваи бузурги такондиҳанда дар ҳамаи соҳаҳо арзёбӣ намуданд. Ин эътимоду назари неки Пешвои миллат ҷавононро ба сӯи оянда, фардои дурахшон ва ҳадафҳои наҷибу созандаи давлатдориямон рӯҳбаланду дилгарм месозанд. Дар низоми сиёсии ҷомеа ин ҳолат бозгӯи он аст, ки такя намудан ба ин қишри устувор, тобовар, фаъол ва серҳаракати иҷтимоӣ далели роҳи давлатсозии муваффақи Пешвои муаззами миллат ва халқи шарифи Тоҷикистони азиз мебошад.

Пас аз суханронӣ аз ҷониби раиси Кумита шаҳодатнома ва маблағҳои ҷудогардида аз Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як гирандаи стипендияи Президентӣ тақдим гардид.

Ҳамзамон барномаи фарҳангӣ аз ҷониби санъаткорони вилояти Суғд ба намоиш гузошта шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд