(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо садо додани Суруди миллӣ конфронси интихоботии Федератсияи футболи шаҳри Хуҷанд оғоз гардид.

Дар кори конфронс Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, муовини аввали Раиси Федератсияи футболи вилояти Суғд Хуршед Ақдодов, директорони мактабҳои варзишии шаҳр, собиқадорони соҳаи варзиш, намояндагони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр иштирок намуданд.

Бо гузаронидани муқаррароти кори конфронс иштирокдорони он нахуст комиссияи кори конфронс ва баъдан Раиси Федератсияи футболи шаҳри Хуҷанд ва муовинони онро интихоб намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо пешниҳоди Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Федератсияи футболи вилояти Суғд ба вазифаи Раиси Федератсияи футболи шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд пешниҳод гардидааст.

Бо райъдиҳии пурраи иштирокдорони конфронс Маъруф Муҳаммадзода Раиси Федератсияи футболи шаҳри Хуҷанд интихоб гардид, ҳамзамон ба вазифаи муовини аввали Федератсияи футболи шаҳри Хуҷанд Ҷумъабой Каримов ва ба маснади муовини Федератсияи футболи шаҳри Хуҷанд Равшан Юсуфҷонов пешниҳод ва якдилона бо аксари овозҳо номзадон дастгирӣ карда шуданд.

Ҳамин тавр, дар конфронси интихоботии Федератсияи футболи шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Федератсияи футболи шаҳри Хуҷанд, Ҷумъабой Каримов муовини аввали Раиси Федератсияи футболи шаҳри Хуҷанд ва Равшан Юсуфҷонов муовини Раиси Федератсияи футболи шаҳри Хуҷанд интихоб гардиданд.

Муовини аввали Раиси Федератсияи футболи вилояти Суғд Хуршед Ақдодов, роҳбарияти тозатаъини Федератсияи футболи шаҳри Хуҷандро бо интихоб гардидан ба вазифаи пурмасъулият табрику таҳният намуда, изҳори умедворӣ намуд, ки бо истифода аз имконоту зарфияти ҷавонон ва инфрасохтори шаҳри Хуҷанд дар ояндаи наздик Федератсияи футболи шаҳри Хуҷанд ба дастовардҳои назаррас соҳиб хоҳад гардид.

Маъруф Муҳаммадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Федератсияи футболи шаҳри Хуҷанд барои пешниҳод ва боварӣ ба вазифаи пурмасъулият ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба Президенти Федератсияи футболи мамлакат муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ба Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода изҳори минннатдорӣ намуда, зикр дошт, ки тайи солҳои охир бо дастгирию ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш бахусус футбол ба таври бесобиқа рушд менамояд. Футболи кишвари мо алҳол марҳилаи ислоҳоту таҳаввулоти бунёдиро пушти сар намуда, муваффақиятҳои тозаро дар чемпионатҳои минтақавию ҷаҳон соҳиб шуда истодааст. Иштироки наврасони то 16 солаю то 17 солаи мо дар Чемпионатҳои Осиёву ҷаҳонӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки ояндаи наздик футболи тоҷик ситораҳои намоёни хешро бо дастовардҳояш муаррифӣ хоҳад намуд. Иштироки тимҳои «Хуҷанд» ва «Истиқлол» дар Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё дастоварди охири футболбозони мо мебошад.

Маъруф Муҳаммадзода дар анҷоми суханрониаш изҳор дошт, ки ҷавонони шаҳри Хуҷанд ба бозии футбол таваҷҷуҳи хосса дошта, бо дастгирии мураббиёни соҳа ва бо ташкили тимҳои маҳаллӣ ба рушди минбаъдаи Федератсияи футболи шаҳри Хуҷанд ҳиссагузорӣ хоҳанд намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд