(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд барои ислоҳи камбудӣ дар бозорҳои Хуҷанд мӯхлат дод.Имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз вазъи хизматрасонӣ, нарху навои маҳсулоти ниёзи аввалаи мардум ва фаъолияти бозорҳои марказии шаҳри Хуҷанд,ки дар мавзеи «Панҷшанбе» ҷойгиранд дидан намуд.
Бо мақсади ба низом даровардани маҳсулоти хӯрока аз қабили гӯшт, хоҷагиҳои кишоварзӣ фурӯши гӯштро бо нархи 26-27 сомонӣ ба роҳ мондаанд. Раҷаббой Аҳмадзода дастур дод,ки барои поён бурдани нархи маҳсулоти дигари хӯрокаи низ роҳбарияти бозор дар ин самт чораҳои доимии амалӣ  андешанд. Дар баробари ин Раиси шаҳри Хуҷанд аз вазъи санитарӣ,шароити ҷойгиршавии растаҳои худсохт, фурӯшандаҳо ва тартиботи бозорҳо изҳори нигаронӣ намуда, ба роҳбарияти бозорҳои «Панҷшанбе», «Афросиёб», «20 солагии Истиқлолият», «Баракт ЛТД», «Бадри мунир» ва нозирони минтақавӣ барои рафъи камбудиҳо, мӯхлат муқаррар намуда, барои чораҷуӣ намудан, супориши қатъӣ дод.