(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altТибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо иштироки мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Усмон Юсуфӣ ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, собиқадори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳотам Маҳмудов мулоқоти васеъ бо устодону омўзгорон ва муҳассилини муассисаи мазкур доир ба рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020», инчунин баланд бардоштани ҳисси ватандўстӣ ва меҳанпарастии ҷавонон, маърифати ҳуқуқӣ ва маданияти шаҳрдорӣ, тарғиби либоспўшии миллӣ, саҳм гузоштани ҷавонон ба корҳои ободониву бунёдкорӣ баргузор гашт.

Нахуст, аз ҷониби муовини директор оид ба тарбия Абдуғафур Қаюмов меҳмон муаррифӣ гардида, номбурда зирк дошт, ки масъалаҳои дар вохўрии имрўза матраҳшаванда воқеан ҳам барои ҷавонон муҳим ва амри сари вақтӣ буда, барои баландбардоштаи маърифати ҳуқуқӣ ва саводнокии ҷавонон заминаи хуб ба бор хоҳад овард.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр собиқадори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов Ҳотам Абдуллоевич доир ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020» маърўза намуда, қайд кард, ки коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрўву эътибори онро коҳиш мегардонад ва барои рушди иқтисодиёт ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъият шароит фароҳам оварда, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад.

Аз ин рў, барои бартарафсозии он бояд тамоми аъзоёни ҷомеаи шаҳрвандӣ корбарӣ намуда, ҷиҳати баланд бардоштани дониш ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон тадбирҳои зарурӣ андешан лозим аст.

Баъдан мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Усмон Юсуфӣ оид ба рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки солҳои охир ҷомеаи башарӣ ба хатарҳои ҷиддӣ, аз ҷумла, тез доман паҳн кардану шиддат гирифтани ифротгароиву терроризм ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ рў ба рў гардидааст. Дар чунин шароит мо вазифадор ҳастем, ки барои ҳифзи ҷомеа аз таъсири ҳамагуна зуҳуроти номатлуби хатарзо, нигоҳ доштани сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва таъмину таҳкими амнияти миллат ва халқамон пеш аз ҳама худамон намунаи нангу номуси ватандорӣ бошем.

Мардуми кишварро ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят кунем. Пеши роҳи бегонапарастӣ, ифротгароӣ ва хиёнаткориро ба тезӣ гирем ва воло будани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро пайваста эҳсос карда, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандўсту ватанпарвар бошем, то сулҳу ваҳдат доимӣ насибамон гардад.

Номбурда доир ба вазъи ҷаҳони муосир ва гаравидани баъзе аз ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ изҳори нигаронӣ намуда, таъкид кард, ки ҷавонон бояд ҳушёрии зиракиро аз даст надода, фирефтаи доми гурўҳҳои ғаразнок, ки зери қаноти хоҷагони худ аз хориҷи кишвар истода, ҷиҳати ноором намудани вазъи сиёсии кишвар сангпартоӣ мекунанд, нашаванд. Имрўз дар тамоми гўшаву канори кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол, дар шаҳри Хуҷанд низ бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоиҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифта, дар партави соҳибистиқлолии Ватани азизамон ва сулҳу осоиштагӣ ба мо муяссар гардид, ки ба дастовардҳои назаррас ноил гардем.

Аз ин рў, ҳамаи мо бояд шукронаи тинҷиву оромӣ намуда, баҳри боз ҳам ободу зебо гардидани Ватани маҳбубамон ва риояи қонунҳои миллӣ, инчунин баланд бардоштани маданияти оиладорӣ ва шаҳрдорӣ, саҳми босазои худро гузорем.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд