(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТаҳти чунин унвон бахшида ба Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таълимии томактабии хусусии «Дилоро»-и шаҳри Хуҷанд маҳфили хушҳолӣ бо иштироки тарбиятгирандагони ин муассисаи таълимӣ баргузор гардид.

Кӯдакон дар васфи Парчами миллӣ шеъру суруд ва таронаҳои ҷолиб сароиданд. Гуфторҳо дар васфи Парчами миллӣ садо доданд. Таъкид шуд, ки Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи ҳаёти осоиштаву меҳнатдўстӣ, бахту иқболи сафед, умед ба ояндаи фардо ва лоиқи эҳтироми ҳар як шахс мебошад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеъ ва нақши хосаи худро дар давлатдорӣ, дар мавриди гузаронидани чорабиниҳои расмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа дорад. Бинобар ин мо бояд Парчамро ҳамчун муқаддасот ва рамзи миллии давлат эҳтиром ва қадршиносӣ намоем.

Муҳайё Акмалхӯҷаева, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд чорабиниро натиҷабардорӣ намуда, зикр дошт, ки 24 – ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро қабул кард ва бо ҳамин кишвари мо соҳиби яке аз рамзҳои асосии давлати соҳибистиқлол гардид. Аввалин маротиба Парчами Ватани соҳибистиқлоламон Қасри Арбоб парафшонӣ кард.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳояшон таъкид намудаанд: “Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандўсту меҳанпарасти кишвар доимо побарҷо бошад.

Имрўз ифтихор аз рамзҳои зеҳни шуури тамоми ҷомеаро фаро гирифтааст ва метавон гуфт, ки ин эҳсоси гарми ифтихор дар таҳкими сулҳу субот, дўстиву якдилӣ ва ваҳдати халқи азизамон нақши барҷаста дорад”.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд