(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар таърихи қадимии рамзҳо Парчам ба рамзи пирӯзӣ ва сипас ба рамзи давлатдорӣ табдил ёфта буд. Ҳар шахсе ба қудрат мерасид, соҳиби тахту салтанат мегашт, тоҷи шоҳӣ ба сар мениҳод, парчамро азизу муқаддас медонист ва онро баланд меафрохт.

Дар «Шоҳнома» – и Абулқосими Фирдавсӣ Шоҳ Фаридун парчами худро бо сангҳои қиматбаҳо ва тасвири ситораи чоргӯшаи тиллоӣ ва шилшилаҳои (лентаҳои) сурх, зард ва бунафш оро дода, онро «Дирафши Ковиёнӣ» номид. «Дирафш» аз вожаи дирафшидан, дурахшидан, рӯшноӣ додан ва тобидан сохта шудааст ва ба маънои парчам, алам, аломату байрақ омадааст.

24 ноябри соли 1992 Иҷлосияи ХVI тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» – ро қабул кард ва бо ҳамин дар таърихи парчамдории тоҷикон саҳифаи нав оғоз гардид. Парчами миллии мо дар радифи Конститутсия, Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти асосии давлатӣ маҳсуб меёбад.

Дар ҳама давру замон Парчам чун рамзи давлат, салтанат, ғуруру ифтихор аз даст ба даст мегузашт. Зери Парчам чун нишони муттаҳидӣ, озодӣ ва истиқлол сипаҳсолорон лашкарро ба майдони ҳарбӣ мебурданд ва ғолиб мешуданд. Барои дар сафи пеши лашкар устувор доштан ва пеш бурдани лашкар сарбози далеру шуҷоъ ва ҷасурро интихоб мекарданд, ки ӯро маъмулан парчамдор, аламбардор ва ё байрақбардор мегуфтанд.

Ин вазифаи ифтихорӣ ва масъул буд, ки ба шахсони далеру ватандӯст бовар карда мешуд. Ҳар як ҷузъу томи артиш, лашкар, қисми ҳарбӣ агар ба забони имрӯза гӯем (дивизия, армия, фронт), парчами худро дошт ва ҳоло низ ҳамин тавр аст. Ҳар қалъа низ парчами худро дошт. Ҳангоми амалиёти ҳарбӣ Парчам чун рамз ва нишони озодӣ, далерӣ, нангу номус ва шараф ҳифз ва эҳтиёт карда мешуд. Агар лашкар дар муҳориба шикаст хӯрад, парчами худро аз даст диҳад – ин амал чун нишони нангину шармовар дониста мешуд.

Соли 2009 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат мeҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 -ноябр Рӯзи парчами давлатӣ эълон гардид ва ин рӯзи муборак ҳамасола бо шукӯҳу тантана таҷлил мегардад.

Парафшонии Парчами миллӣ дар баландии 165 метр дар пойтахти кишвари азизамон- шаҳри Душанбе боиси ифтихори ҳар фарди ватандӯсти мамлакат гардид.

Қайд намудан бамаврид аст, ки ҳоло дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишварамон Парчами миллӣ афрохта шудааст, ки бешубҳа, бо маҷмӯи биноҳои маъмурию фарҳангӣ ба шаҳру ноҳияҳо ҳусну зебогии тоза мебахшад.

Гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Бразилия медали тилло ба даст овард ва парчамбардори Тоҷикистон дар Бозиҳои 31 – уми тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия гардид. Давоми солҳои охир даҳҳо ва садҳо нафар ҷавонону варзишгарони тоҷик, чун Анвар Юнусов, Мавзуна Чориева, Мурод Тӯйчиев, Комроншоҳи Устопириён, Асрор Воҳидов ва дигарон дар чемпионатҳои бонуфузи Осиёву байналмилалӣ ғолибият ба даст оварданд. Дар ин мусобиқаҳо ба ифтихори ин ғолибон Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дода, Парчами Тоҷикистон боло бардошта шуд.

Дар ин росто 12 октябри соли 2016 вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид намуданд. Тибқи ин тағйирот, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рамзҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад, дар биноҳои маъмурию иҷтимоӣ, маишӣ, корхонаҳо ва манзилҳои шаҳрвандон бо ифтихор партавафшонӣ мекунад. Яъне дар паи ин тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» макони истифодаи Парчами давлатӣ дар кишвар васеъ гардонида шуд, ки ба ташаккули худшиносии миллӣ ва ифтихор аз миллату давлатдорӣ мусоидат намуд.

Парчам дар ҳар давру замон рамзи нангу номуси ватандорӣ, хештаншиносӣ ва яке аз арзишҳои муқаддаси миллӣ ба ҳисоб рафта, эҳтирому арҷгузорӣ ба он қарзи шаҳрвандии ҳар як фарзанди ватандӯсту ватанпарвар мебошад.

Мирзокомил КОМИЛОВ
донишҷӯи ДДҲБСТ