(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомот иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд оид ба тақвияти корҳои таблиғотӣ, муаррифии дастовардҳои Истиқлолият, тарғиби сиёсати ваҳдатофари Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр, тарғиби либоси миллӣ миллӣ бо иштироки кормнадони ин муассисаи тиббӣ мулоқот баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Мавлуда Шарифзода, устоди ДҲБСТ Мунзифа Тоҳирова дар баробари мавзуъҳои дар боло номбаршуда ҳамзамон доир ба қонунҳои миллии қабулгардида, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб байни занону бонувон, хушунат дар оила фавти модару кӯдак, хатарҳои динию экстеремистии ҷаҳони имрӯза баромад намуданд.

Мулоқот бо мубодилаи афкор ва пешниҳодоти судманд анҷом пазируфт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд