(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар МТМУ №9-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки сарварони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳрии Хуҷанд машварати навбатии доимоамалкунандаи директорони муассисаҳои таълимии шаҳр баргузор гардид.

Муҳайё Акмалхӯҷаева,мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд машваратро оғоз намуда, нахуст оид ба масоили мубрами соҳа андешаронӣ намуд.

Сипас, директори МТМУ №9 Муяссар Салимова дар мавзуъи «Фаъолияти муназзами хадамоти методӣ-омили асосии суботи раванди таълим» баромад намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки амалӣ намудани стратегияи рушди маориф, гузариш ба таълими салоҳиятнокӣ тақозо менамояд, ки мо ислоҳоти ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, услҳои фаъоли таълимро ҷорӣ намоем ва ба сатҳ сифати таълим эътибори аввалиндараҷа диҳем. Агар омӯзгор сатҳи баландӣ касбӣ надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро баланд бардошта наметавонем. Ва дар навбати худ пешрафти ҷомеа, тараққиёти илму техника ва технология тақозо менамояд, ки онҳо низ барои баланд бардоштани сатҳи касбияти худ мунтазам кӯшиш кунанд.

Таъкид шуд, рушди касбӣ ва ҷустуҷуи эҷодии омӯзгор дар коллективи педагогӣ ба воситаи хизматрасонии методӣ дар муассиҳои таълимӣ амалӣ мешаванд. Яке аз намудҳои инноатсияи педагогӣ тағйири маҳорати касбии омӯзгорон дар сатҳи муассисаҳои таълимӣ ба шумор меравад. Шаклҳои самаранокии такмили ихтисос дар заминаи анъанахои пешин бунёд ёфта, бо технологияи педагогии инноватсионии муосир ғанӣ гардонида шудаанд.

Сипас, доир ба мавзуъи баёнгардида байни сарварони муассисаҳои таълимӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар қисмати дуюми машварат сарварони муассисаҳои таълимии шаҳрии Хуҷанд ба дарсҳои намунавии омӯзгорони МТМУ №9 аз фанҳои забони модарӣ, забони русӣ, технологияи иттилооотӣ, физика,адабиёт, адабиёти рус, забони хориҷӣ ва ғайраҳо иштирок намуда, онро мавриди таҳлил қарор доданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд