(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, 15-нафар намояндагони шаҳри бостонии Хуҷанд ҳамчун ғолибони даври шаҳрӣ ва вилоятии озмун иштирок намуда, аз рӯйи номиннатсияҳои гуногун ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми озмунро ба даст оварданд.

Даври ниҳоии озмун дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиён, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати мамлакат Аҳтам Абдуллозода, Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нӯъмон Абдуғаффорзода ва намояндагони вазорату идораҳо, инчунин аҳли илму адаби мамлакат сурат гирифт.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки «баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» барои дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, эҷоди мусиқии нав, таълифи ашъори баландғояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва суруд, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ равона шуда буд».

Мавсуф таъкид дошт, ки «ин озмун бо Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид. Озмун аз ноҳия оғоз гардида, то сатҳи вилоятиву ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Имрӯз беҳтарин истеъдодҳо муаррифӣ ва қадрдонӣ мегарданд».

Сипас Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода Шоҳҷоизаи асосии озмун- 50 000 сомониро ба иҷрокунандаи оҳанги «Достони Ҳулбук» аз номинатсияи «Оҳангсоз» Зафар Раҳимӣ тақдим намуд.

Ансамбли “Дилнавоз”-и назди Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз рӯи номенатсияи “Навозандагии анъанавӣ” сазовори ҷойи якум, донишҷӯи Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд аз рӯи номенатсияи “Навозандагии академӣ” сазовори ҷои дуюм ва омӯзгори ҳамин муассиса Назира Ҳамдамова аз рӯи наминатсияи “Композиторӣ” сазовори ҷои сеюм гардида, дар маросими ботантанаи тӯҳфасупорӣ мутаносибан бо 30, 20 ва 15 ҳазор сомонӣ, ҳамчунин дипломҳои озмун тақдиронида шуданд.

Инчунин баромади “Трио”-и коллеҷи санъатро дар наминатсияи “Сурудхонии академӣ” иштирокчиёни чорабинӣ ва кулли тамошобинон бо қарсакҳои пуршавқ ва бардавом истиқбол намуданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар даври якуми «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар сатҳи шаҳр ва ноҳияҳо 2959 нафар иштирок намуданд. Аз ин шумораи иштирокчиёни даври аввал 705 нафар ба даври дуюм, яъне даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Баъди санҷиши ҳунари иштирокчиён дар даври дуюм ҳайати ҳакамон ба 65 нафар барои иштирок дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» роҳхат ва тавсия доданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд