(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altҚарор аст, ки соати 10:00 санаи 23.11.2019 дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинон ва меҳмонони шаҳри бостонии Хуҷанд Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд.

Дар ин бора нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тасдиқ ва масъулини дахлдор ҷиҳати мутантан ва дар сатҳи баланд ҷашн гирифтан ин иди миллӣ муваззаф гардидаанд.

Интизор меравад, ки қабл аз оғози чорабинии тантанавӣ дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиев аз ду самт роҳпаймоии сокинони касбу кори гуногун ва донишҷӯёни макотиби олӣ бо Парчамҳои хурду калони Ҷумҳурии Тоҷикистон, лавҳаҳои тарғиботиву ташвиқотӣ сурат гирад.

Баъди анҷоми чорабинии расмӣ, барномаи рангини устодони санъати тоҷик ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд