(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд санаи 19 ноябри соли ҷорӣ дар толори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б. Исҳоқӣ мулоқоти васеъ бо устодону омўзгорон ва донишҷўёни муассисаи мазкур доир ба рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020”, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020», баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва маданияти шаҳрдорӣ, тарғиби либоспўшии миллӣ, саҳм гузоштани ҷавонон ба корҳои ободониву бунёдкорӣ ва ғайраҳо баргузор гашт.

Дар мулоқот мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Усмон Юсуфӣ, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, собиқадори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳотам Маҳмудов ва сардори шуъбаи Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шўҳрат Абдуллозода доир ба масъалаҳои болозикр баромад намуданд.

Аз ҷумла, собиқадори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳотам Маҳмудов доир ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020» маърўза намуда, қайд кард, ки коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрўву эътибори онро коҳиш мегардонад ва барои рушди иқтисодиёт ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъият шароит фароҳам оварда, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад.

Аз ин рў, барои бартарафсозии он бояд тамоми аъзоёни ҷомеаи шаҳрвандӣ корбарӣ намуда, ҷиҳати баланд бардоштани дониш ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон тадбирҳои зарурӣ андешан лозим аст.

Баъдан мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Усмон Юсуфӣ оид ба рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки солҳои охир ҷомеаи башарӣ ба хатарҳои ҷиддӣ, аз ҷумла, тез доман паҳн кардану шиддат гирифтани ифротгароиву терроризм ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ рў ба рў гардидааст. Дар чунин шароит мо вазифадор ҳастем, ки барои ҳифзи ҷомеа аз таъсири ҳамагуна зуҳуроти номатлуби хатарзо, нигоҳ доштани сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва таъмину таҳкими амнияти миллат ва халқамон пеш аз ҳама худамон намунаи нангу номуси ватандорӣ бошем.

Мардуми кишварро ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят кунем. Пеши роҳи бегонапарастӣ, ифротгароӣ ва хиёнаткориро ба тезӣ гирем ва воло будани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро пайваста эҳсос карда, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандўсту ватанпарвар бошем, то сулҳу ваҳдат доимӣ насибамон гардад.

Доир ба масъалаҳои болозикр ҳамчунин сардори шуъбаи Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шўҳрат Абдуллозода доир ба вазъи ҷаҳони муосир ва гаравидани баъзе аз ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ маърўза намуда, таъкид кард, ки ҷавонон бояд ҳушёрии зиракиро аз даст надода, фирефтаи доми гурўҳҳои ғаразнок, ки зери қаноти хоҷагони худ аз хориҷи кишвар истода, ҷиҳати ноором намудани вазъи сиёсии кишвар сангпартоӣ мекунанд, нашаванд.

Мулоқот бо мубодилаи афкор ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд