(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз фаъолияти КДК «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ»-и шаҳри Хуҷанд боздид намуд. Тавре, ки иттилоъ дода шуд, ки баъди ташрифи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷониби муассисаи мазкур корҳои назаррас ба иҷро расонида шуданд.

Аз ҷумла, ҳудуди КДК «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ»-и шаҳри Хуҷанд ба тартиб дароварда, аз партову хазонҳо тоза, ҳамзамон баҳри омодагӣ ба мавсими нави гулшинонӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ карда шудааст. Дар майдонҳои ҳудуди коргоҳ зиёда аз 100 000 (сад ҳазор) адад қаламчаҳои гули садбарг шинонида шуда истодаанд.

Дар гармхонаҳо парвариши зиёда аз 250 ҳазор адад гули навъи питуния ва ҳаимн миқдор марҷонгул парвариш ёфта истодаанд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба роҳбарияти муассиса дастур дод, к ибо истифода аз ҳавои мусоид гулҳои ба сармо тобоварро дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр кӯчат намояд.

Маъруф Муҳаммадзода таваҷҷуҳи роҳбарияти КДК «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ»-и шаҳри Хуҷандро баҳри самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаби замини муассиса, ки беш аз 8 гектарро ташкил медиҳад, ҷалб намуда, дастур дод, ки дар самти кишти гулу ниҳолҳои ҳамешасабз тадбирҳои тозаву дучанд ва кишту кӯчати навъҳои гулҳои дарозумр бештар карда шавад Шаҳрдор ба сохторҳои Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналӣ супориш дод, ки ҷиҳати бакорандозии дигар гармхонаҳои муассисаи кабудизоркунӣ мусоидати фаъолнокӣ зоҳир намоянд. Таъкид гардид, ки ба таъмиру ороиши биноҳои иҳотавии муассиса, буриши санитарии дарахтон ва нигоҳубини доимии ниҳолҳои шинонидашуда таваҷҷуҳи доимӣ дода шавад.

Масъулини «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ»-и шаҳри Хуҷанд муваззаф гардиданд, ки ҷиҳати иҷрои супоришҳои гузошташуда аз тамоми имконоту василаҳо истифода намуда, дар хурраму кабудизоркунии шаҳри бостонии Хуҷанд ҳиссагузорӣ хоҳанд кард.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд