(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудани наврасон, ҷавонон ва калонсолон ба машғули мунтазами тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқи намуди гўштини дзюдо байни омма, наврасону ҷавонон ва бахшида ба таҷлили Рўзи Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба гўштини дзюдо байни наврасони соли таваллудашон 2005-2007 баргузор гардид.

Тибқи низомномаи мусобиқа аз рўи қоидаҳои нави Федератсияи байналмилалӣ оид ба гўштини дзюдо баргузор гардида, дар он варзишгарон дар вазнҳои 35кг, 38кг, 42кг, 46г, 50кг, 55кг, 60кг, 66кг, 73кг,+73 байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Мусобиқа дар толори варзишии «Маркази дзюдо»-и шаҳри Хуҷанд доир гардида дар он беш аз 60 нафар дзюдочиёни наврас иштирок намуданд.

Дар натиҷа 9 нафар сазовори ҷои якум, 9 нафар сазовори ҷои дуюм ва 18 нафар сазовори ҷои сеюм гардиданд.

Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа бо медал ва ифтихорномаҳо қадршиносӣ карда шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд