(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба мумфаршкунии асосии роҳи кӯчаҳои байни микроноҳияҳои 8-12 –и маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд расман ҳусни оғоз бахшида шуд.

Дар маросими ифтитоҳии чорабинии мазкур Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дод, ки бо дастур ва раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави шаҳру навоҳии вилоят бунёди иншооти таъиноташ гуногун бомаром идома дорад.

Роҳбари вилоят гуфт, ки ин амали хайри мумфаршкунии роҳ дар заминаи дастури Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ҳамасола дар гӯшаву канори кишвар амалӣ карда мешавад. Иттилоъ дода шуд, ки дарозии кӯчаҳои ду самти байни микроноҳияи 8-12 беш аз 1700 метр буда, паҳноии он то 15 метр дар маҷмуъ дар масоҳати 25 600 метри мукааб корҳои мумфаршкунӣ давоми як ҳафта анҷом меёбанд.

Фармоишгари корҳои мумфаршкунӣ Идораи сохтмони асосии вилоят буда, он аз ҷониби яке аз ширкатҳои маъруфи роҳсозии ватанӣ “Тоҷ-роуд”, ки таҷрибаи беш аз 5 солаи роҳсозӣ дорад, бо маблағи 2 миллиону 640 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида мешавад.

Раҷаббой Аҳмадзода аз масъулини дахлдор, аз ҷумла аз раисони маҳаллаҳои атрофи роҳ талаб намуд, ки то ҷараёни мумфаршкунии кӯчаҳо корҳои гузаронидани лӯлаҳои барқу об ва дигар хадамоти коммуналӣ ба анҷом расонида шаванд, то ин ки минбаъд ба сифати роҳи мумфаршгардида латма ворид нагардад.

Раиси вилоят гуфт, ки ин иқдоми мумфаршукунии роҳ ва дигар тадбирҳои ободонӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, ҳамчанд якчанд иншооти таъиноташ гуногун рӯзҳои наздик мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

Бо дуои пирони кор ва шодиву нишоти аҳли маҳаллаи Темурмалик аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба мумфаршкунии роҳ оғоз бахшида шуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар соли 2019 таъмиру азнавсозии зиёда аз 33 километр роҳҳои шаҳр ба нақша гирифта шуда, то ба имрӯз 32 километри он амалӣ карда шудааст.

Бояд таъкид намуд, ки роҳи мазкур, яъне кӯчаҳои дусамтаи байни микроноҳияҳои 8-12-и маҳаллаи Темурмалик аз кӯчаҳои асосии шаҳри Хуҷанд баҳисоб рафта, тариқи он нақлиёти зиёд равуо менамоянд ва роҳ чун масири стратегӣ ба якчанд микроноҳияҳои минтақаи мазкур хидмат карда меояд ва ҳанӯз аз замони Шӯравӣ то ба имрӯз таъмиру азнавсозӣ нагардида буд.

Масъалаи таъмирталабу носоз будани роҳи мазкур борҳо мавриди танқид ва шикояти шаҳрвандон дар сомонаҳои иҷтимоӣ гардида буд ва аз охирон роҳҳои асосии таъмирнагардидаи шаҳри Хуҷанд дар замони Истиқлолияти давлатӣ ҳисобида мешавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд