(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҷаласаи кории Раиси шаҳри Хуҷанд.Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо иштироки муовинони Раиси шаҳр, кормандони масъули Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва роҳбарони сохторҳои марбута, ҷаласаи корӣ доир намуд. Раҷаббой Аҳмадзода доири нуктаҳои муҳими паёми имсола истода гузашта, зикр намуд, ки тамоми сохторҳои дахлдор масъулини соҳа фаъолияти худро дар заминаи дастурҳои Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монанд. Раиси шаҳри Хуҷанд бобати ҷалби ҳарчӣ бештари шахсони бешуғл, ба хусус занони хонашин ба ҳунарҳои мардумӣ, зиёд намудани шумораи корхонаҳои саноатӣ, истеҳсолӣ, коркарди ашёи хом дастурҳои мушаххас дод. Супориш дода шуд, ки ҷиҳати эҳёи коргоҳҳои коркарди пӯст ва пойафзолбарорӣ чораҳои фаврӣ андешида минбаъд талаботи сокинон ба пойафзол аз ҳисоби маҳсулоти ватанӣ қонеъ карда шавад. Пешбинӣ шудааст, ки дар шаҳри Хуҷанд то интиҳои сол 20 корхонаҳои саноатӣ, 15 майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода мешаванд.
Дар баробари ин Раҷаббой Аҳмадзода талаб намуд, ки ҳар як корманди масъул, хизматчии давлатӣ нисбати ҳар гуна омилҳои ифротгароӣ, паст кардани сатҳи ҷинояткорӣ, риояи ҳатмии қонунҳои Ҷумҳуриҳии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва риояи танзими расму анъанаҳо саҳми бевосита гузоранд.
Соли равон ҷашнҳои бузурги миллат 20 солагии қабули сарқонун ва Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 600 солагии Абдураҳмони Ҷомӣ таҷлил хоҳанд шуд. Барои пуршукӯҳ гузаронидани ин чорабиниҳо Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода супориш дод нақша-чорабиниҳои гуногун омода карда шаванд.