(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар самти ободонию сабзу хуррамгардонии муҳити атроф ва муассисаву ташкилотҳо тадбирҳо зарурӣ андешида мешаванд.

Имрӯз кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси пайгирона ва ободкорию кабудизоркунӣ ба маъракаи тирамоҳии ниҳолшинонӣ оғоз бахшиданд.

Кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд бо як гуруҳ дӯстдорони табиат баҳри ҳиссагузорӣ ба хуррамнамоӣ дар хиёбони Истиқлоли шаҳри Хуҷанд зиёда аз 100 бех ниҳолҳои навъи Ардачро шинониданд.

Бояд қайд намуд, ки ин тадбир ҳамзамон бо мақсади амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва баланд бардоштани тарбия ва маърифати экологӣ роҳандозӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки ҳар як дӯстдори табиати зебо аз ҳар як рӯзи ҳавои мусоид бояд пурсамар истифода бурда, дар шинонидани ниҳолу кабудизоркунии муҳити зист ва ободу зебо намудани ҳар ваҷаби хоки сарзамини зархези Тоҷикистони азиз бояд саҳмгузор бошанд. Зеро шинондани дарахт амри хайр буда, сабаби боз ҳам сарсабзу обод гардидани сарзамини биҳиштосои Тоҷикистон мегардад.

Ҳамзамон дар ин рӯз аз ҷониби беш аз 2000 нафар муҳассилини макотиби миёнаи махсус, литсейҳо ва донишгоҳҳои олии шаҳри Хуҷанд ва кормандони касбу кори гуногун дар гӯшаву канори маркази маъмурии вилояти Суғд ҳашарҳои дастҷамъона баргузор гардида, табиатдӯстон муҳити атрофро тозаву ҷилобахш намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд