(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба шоҳмот байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии соли таваллудашон 2003 ва хурд ҷамъбаст гардид.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои якҷояи бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва шўъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд санаҳои 04-05 ноябри соли ҷорӣ мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба шоҳмот байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии соли таваллудашон 2003 ва хурд бахшида ба 25 солагии Рўзи қабули Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳр баргузор гардид.

Мусобиқаи мазкур ба таври инфиродӣ аз рўи системаи олимпӣ ва тибқи қоидаҳои байналмилалӣ гузаронида шуда, дар он 38 нафар писарон ва 24 нафар духтарон иштирок намуданд.

Дар натиҷа байни писарон сазовори ҷои якум хонандаи МТҒ ба номи «Рустамов Ю.Д.» Даврон Каримов, ҷои дуюм хонандаи гимназияи ба номи «Ё.В.Гёте» Амир Икромов ва сазовори ҷои сеюм гимназияи ба номи «Ё.В.Гёте Зикрулло» Файзуллозода сазовор гардиданд.

Байни духтарон муҳассили гимназияи ба номи «Ё.В.Гёте» Ясмина Юсупова, хонандаи гимназияи №4 Гулбаҳор Бобочонова ва толибаи МТҒ ба номи «Рустамов Ю.Д.» Нуринисо Раҳимова мутаносибан ҷойҳои ифтихориро ишғол намуданд.

Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа бо ифтихорномаҳо ва тўҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд