(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба футбол байни наврасони соли таваллудашон 2006-2007 бахшида ба 25 солагии Рўзи қабули Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд аз санаи 01 то 07 ноябри соли ҷорӣ мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба футбол байни наврасони соли таваллудашон 2006-2007 бахшида ба Рўзи Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони футболи Муассисаи давлатии мактаби варзишии №1-и шаҳр баргузор гардид.

Дар мусобиқаи мазкур 8 даста футболбозони наврас ҷамъ 112 нафар байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Имрӯз бозии финалӣ ва ҷамъбасти мусобиқа доир гардида, дар бозии финалӣ дастаи футболбозони «Спартак» ва дастаи «Барс» байни ҳам бозӣ намуданд. Дар натиҷа сазовори ҷои якум дастаи «Спартак», ҷои дуюм дастаи «Барс» ва ҷои сеюм дастаи «Хуҷанд» сазовор гардиданд. Ғолибон ва бозингарони беҳтарини мусобиқа бо ифтихорномаҳо ва тўҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд